Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов

14-07-2017, 14:00
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд.

Ҷонибҳо бар он ҳамфикр буданд, ки муносибатҳои судманд ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз муколамаи доимии сиёсӣ ва заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудааст.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи Хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки ҳарду давлат дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба ҳисоб мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масоили таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: