Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд19-10-2016, 11:11
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ 18 октябр вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид. Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.