АМАЛИ НЕКАШ ӮРО ЗИНДА МЕДОРАД6-06-2021, 10:52
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
Дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7- и деҳа ба номи омӯзгори асил, сиёсатмадори варзида Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта шуд. Дар маъракаи номгузорӣ раиси ноҳия Фаррух Додхудоев оид ба зиндагинома ва фаъолияти хизматии зиндаёд Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров ҳарф зада, қайд кард, ки зикри неки гузаштагон аз амали хайри будагон дарак медиҳад. Номи накӯи мардони лоиқи замон ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ намеравад, устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз қабили фарзандони барӯманди диёрамон буданд. Нахуст устоди таълимгоҳи олӣ, баъдан муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кард. Дар чорабинии номгузорӣ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода номаи шодбошии раиси ВМКБ-ро роҷеъ ба номи Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта, мактаби зодгоҳ ва дар саҳни мактаб гузошта шудани нимпайкараи зиндаёдро хонда, ҳамкорону шогирдон, пайвандони марҳум ва омӯзгорони таълимгоҳро ба ифтихори ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфт. Найри Аъзам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.