Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷашни пирӯзӣ

Ҷашни пирӯзӣ

23-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни пирӯзӣТибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии байналмиллалчиён чорабинии рангин баргузор гардид.

Хизматҳои шоистаю қаҳрамононаи сарбозони интернатсионалистро ҳамасола қадр намуда, ба хотири дар руҳияи ватанпарвариву инсондӯстӣ тарбия намудани насли наврас, дар ботини онҳо парварши намудани эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузаштаву ояндаи хеш дар ноҳияи Ғончӣ солгарди баровардани қӯшунҳои байналмиллалчиён аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад.

Имсол низ чорабинии мазкур бо гузоштани гулчанбари хотира ба муҷассамаи шаҳидон – байналмиллалчиён оғоз гардида, дар назди муҷассама маҷлиси танатанавӣ бо иштироки аъзои Иттифоқи байналмиллалчиён, ки дар ноҳия зиёда аз 70 нафар мебошанд дар ҳузури намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва наврасону ҷавонон баргузор гардид. Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Ғончӣ муҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод аҳли Иттифоқи собиқадорон – ҷанговар байналмиллалчиёнро бо ин рӯз табрик намуда, аз хизматҳои онҳо дар назди давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар гашт ва аз наврасону ҷавонон хоҳиш намуд, ки пайрави чунин қаҳрамониҳои ҳомиён бошанд. Намояндаи Иттифоқи ҷанговарон байналмиллалчиёни вилояти Суғд Муқимҷон Қобилов низ ба сухан баромада, аз эътибору дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри қаҳрамон ибрози сипос ва миннатдорӣ намуда, ба раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам ва раиси иттифоқи собиқадорони ҷанговар байналмиллалчиёни ноҳия Бобоев Набиҷон сипосномаи иттифоқи вилоятиро тантанавор супорид. Дар хотимаи чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ ва дастархони идона ороста шуда, ба аҳли аъзои иттифоқ туҳфаҳои хотирафӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: