Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оила — саодати зиндагист

Оила — саодати зиндагист

12-05-2021, 17:43
Хабарро хонданд: 533 нафар
Назарҳо: 0
Оила — саодати зиндагистИмрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май дар мамлакат таҷлил карда мешавад, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оила — саодати зиндагист!» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Конференсияро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Сипас раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилобӣ Қурбонзода оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии оилаҳои осебпазир ва дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

«Қабули ду қонуни миллӣ- «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз бо мақсади таҳкими оилаҳо ва пешрафти онҳо ба тавсиб расиданд»,-афзуд номбурда.

Сипас директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар мавзӯи «Вазъи никоҳ ва бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикситон», муовини якуми Вазири адлия Нигина Ализода дар бораи “Раванди бақайдгирии ақди никоҳ дар таъмини солимӣ ва мустаҳкамкунии оила”, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода оид ба “Солимии зан-модар-асоси оилаи солим”, муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода дар мавзӯи “Фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода “Дар бораи ситонидани алимент”, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухуло Олимзода доир ба “Мақоми оила ва зан дар ҷомеаи муосир, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ “Саҳми оила дар ташаккули захираҳои меҳнатӣ” ва Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода дар мавзӯи “Пойдории оилаҳои ҷавон- омили устувории ҷомеа ва давлат” маърӯза карданд.

Сипас байни иштирокдорони ҳамоиш ва масъулини вазорату кумитаҳо оид ба мавзӯи мавриди назар табодули назар сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: