Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУҚИМИ ОШЁНИ МЕҲР

МУҚИМИ ОШЁНИ МЕҲР

29-04-2021, 10:22
Хабарро хонданд: 670 нафар
Назарҳо: 0
    МУҚИМИ ОШЁНИ МЕҲР
3 май-Рӯзи матбуоти озод




(Хотираҳо дар бораи профессор Ҷовид Муқим пас аз хондани китоби «60 СОЛЕ, КИ ЧУН БОД ГУЗАШТ». – Душанбе: ДДЗТ, 2021.-200 саҳ.)

Равзанаи ошноӣ

Ҷовид Муқим. Ин ном аввал бо навиштаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар зеҳнам нишаст. Баъдан, бо гузашти замон, бо ҳамдигар вохӯрдаву шинос шудем ва ин ошноӣ ба дӯстӣ табдил ёфт.
ӯ ҳамонест, ки сӣ сол қабл шинохтамаш. Бо гузашти шаст соли умр тағйир наёфтааст, аммо эҳсос мекунам, ки эҳтиромаш нисбат ба ин ҷониб бештар шудааст. Хуб медонам, ки чаро Ҷовидро ба қатори беҳтарин дӯстонам дохил кардаам, вале намедонам, чи боис шуда, ки ӯ ба ман ин қадар арҷ мегузорад.
Аз рӯзҳои аввали ошноӣ дар ҳайрат будам, ки ин ҷавони мисли ман деҳотӣ тафаккури баланди шаҳрӣ дорад. Ба воқеоту ҳодисоти ҷомеа, муносибати одамон бо назари дигар, яъне аз дидгоҳи худ баҳо медиҳад. Баъдан фаҳмидам, ки ин ҳис тавассути модари шаҳриаш дар вуҷуди ӯ парвариш ёфтааст.
Модари солим фарзанди солим ба дунё меораду модари босавод фарзанди доно тарбия мекунад. Бешак дар ташаккули тафаккури Ҷовид дар баробари падари муаллимаш таъсири модари босаводу русидонаш зиёд аст.
Боре зимни як суҳбат ҳайрон шудам, ки Ҷовид номи баъзе мавзеъҳои рустои моро аз куҷо медонад. Баъдан худаш қисса кард, ки солҳои мактабхониаш таътили тобистонаро дар лагери «Школьник» дар ҳамсоядеҳи мо гузаронидааст ва дашту теппаҳои рустои моро бо ҳамсолонаш бо ҳидояти мураббиҳо тамошо кардаааст. Дар гузашта, ки Шаҳринав дар тобеияти ноҳияи (ҳоло шаҳри) Ҳисор буд, дар ин истироҳатгоҳ фарзандони миллатҳои гуногун аз пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он омада, дар се баст таътилро мегузарониданд, ки дар ташаккули тафаккури онҳо, албатта таъсир мегузошт. Маҳз дар давраи тобистон он солҳо фазои истироҳатгоҳҳо идона буд.

Сафедро «сиёҳ» намегӯяд

Устод Ҷовид аввалин муҳаққиқи расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Вақте ки ӯ дар бораи амнияти иттилоотӣ гап мезад, дигарон ин мавзуъро нодида мегирифтанд. Ин аст, ки соли 2006 бо номи «Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ» китоберо таълиф намуд, ки паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо фаро мегирад.
Монографияҳои дигари ӯ «Ҳақиқат ва дурӯғ», «Мақоми жанрҳо дар Радиои «Озодӣ», «Радио «Свобода»: ложь и правда», «Гендер ва журналистика», «Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз»-ро метавон номбар кард, ки шаҳодати мақоми волои ӯ дар мактаби журналистикаи Тоҷикистони навин аст. Бо вуҷуди он ки ӯ медонист ин пажӯҳишҳо боиси аз кор рафтанаш аз радиои бонуфузи «Озодӣ» мешавад, аммо аз гуфтани сухани ҳақ рӯ натобид. ӯ табиатан ҳамин хел аст. Ҳеҷ гоҳ сафедро «сиёҳ» намегӯяд.


Баракати ҳамкорӣ

7 майи соли 2003 Радиои «Ватан», ки аввалин шуда, иҷозаи фаъолият дар мавҷи 106 FM-ро пайдо карда буд, ба пахши барномаҳо шурӯъ кард. Қаблан, соли 2002 дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Радиои «Азия плюс» чун як рӯйдоди тоза ба фазои иттилоотии Тоҷикистон рӯи мавҷи 107 FМ ворид шуда буд. Ҳарчанд ин радио дувумин шуда, иҷозаи фаъолият гирифт, аммо бо сабаби он ки базаи техникиашро қаблан омода карда буд, баъди ду моҳи иҷозат аз фаъолияти хеш шунавандагону ҳаводоронашро огоҳ кард.
Радиои «Ватан», ки хабариву фарҳангӣ буд, ҳар соат дар ҳаҷми 5-7 дақиқа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шунавандагонашро бо тозатарин рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар огоҳ мекард. Он солҳо компютер, интернет, сайт, почтаи электронӣ ва амсоли ин аз навгониҳои техникӣ ҳисоб мешуданд. Бо мусоидати роҳбарияти ширкат баъди як соли фаъолият мо 5 нафар кормандони радио соҳиби телефони мобилии ширкати «Тоҷиктел» шудем, ки доираи фарогири мавҷаш Душанбе ва атрофи он буд. Бо истифода аз ин гуна дастгоҳи нави алоқа мо имконият пайдо кардем, ки дар барномаҳои иттилоотӣ суҳбату гузоришҳои мустақими телефониро ҷой диҳем.
Ҷовид Муқим он вақт дар «Интернюс нетворк» кор мекард. Як рӯз ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки чанд гузориши таҳиянамудаи шогирдонашро мефиристад, ки махсус барои Радиои «Ватан» тайёр шудааст. «Агар мувофиқ бошаду зарур донед, метавонед истифода баред», -гуфт ӯ. Гузоришҳоро тавассути дискет (диск, флешка баъдтар пайдо шуданд), оварданд. Онҳо кӯтоҳ бо банду басти хуб ва бо касбияти баланд тайёр шуда буданд.
Гузоришгарон шогирдони факултаи журналистикаи ДМТ Хайруллои Абдулваҳҳоб, Сайидэҳсон Солиев, Раҳматулло Одинаев ва дигарон буданд, ки аз мактаби «Интернюс нетворк» таҳти роҳбарии устод Ҷовид Муқим гузаштаанд. Он вақт на ҳар хатмкардаи факултаи журналистика, балки на ҳар муҳаррири радио мустақилона аз рӯи барномаи компютер гузориш тайёр карда метавонист.
Баъдан, ин гузоришҳоро тавассути почтаи электронӣ дастрас мекардем, ки нақши устод Ҷовид Муқим дар тайёр кардани радиожурналистҳо аз ҳамон вақт маълум буд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо Радиои «Ватан» сарвари «Интернюс нетворк» ҷаноби Чак Райс бо мо хоҳиши вохӯрӣ намуд. Роҳбарияти радио дар ин дидор маро ба ҳайси сармуҳаррир пешниҳод карданд. Суҳбат бо ҷаноби Чак дар доираи ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ки дар он Ҷовид Муқим низ ҳамчун корманди ин мактаб иштирок дошт.
Ҳамон шабу рӯз аз Шветсия ду нафар радиожурналист, ҷаноби Вадамс ва хонум Агнета бо мақсади тайёр кардани радиожурналистони сатҳи байналмилалӣ ба Радиои «Ватан» омада буданд. Чун барномаҳои иттилоотии радиоро шуниданд, ба ҳайрат афтоданд ва гуфтанд, ки «радиои шумо ҳамаи навгониҳои барномаҳои иттилоотиро дар мавҷи FМ фаро мегирад». Касбияти баланди устод Ҷовид ва шогирдони гузоришгараш аз баҳои хуби радиожурналистони хориҷӣ берун намонд.
Муваффақияти Радиои «Имрӯз» ҳам дар соли аввали таъсисаш шогирдони устод Ҷовид Муқим буданд, ки болотар зикрашон рафту дар ин радио фаъолият доштанд ва бо гузоришҳои фаврию касбияшон аудиторияи ин радиоро ҷолиб мекарданд.

Ноумедӣ аз сафар ба Женева

Апрели соли 2010 Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои журналистон дар мавзӯи «Инъикоси ҷараёни воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо» тренинги дурӯза баргузор намуд. Банда низ дар қатори рӯзноманигорони ҷумҳурӣ даъват шудам. Миёни тренероне, ки масоили иқтисодиро таҳлил мекарданд, устод Ҷовид низ машғулият гузаронд. Шарти асосии тренинг, бо истифода аз андешаи коршиносон ва бардоштҳоямон навиштани матлабе барои газетаҳо буд. Эълон шуд, ки мақолаҳои хуб ба таври интихобӣ ба Женева - пойтахти Швейтсария - қароргоҳи Созмони ҷаҳонии савдо фиристода мешавад, муаллифи мақолаи беҳтарин имкон пайдо мекунад, ки ба сафари ин шаҳр мушарраф шавад ва дар ҷаласаи пазироии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок кунад.
Ман дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо номи «Вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо: бурд ва бохт» матлабе ба нашр расонидам. Фаромӯш намекунам, аз аввалинҳо шуда, устод Ҷовид занг зада, табрикам гуфт, ки мавзӯъро хеле хуб таҳлил кардаам. Пас аз як моҳ аз Вена ҷавоб омад, ки журналист Нуралӣ Давлат бо бештари раъйи ҳакамон ғолиб омадааст. Хушхабар расид, ки банда низ бо камтар аз як балл нисбат ба ғолиб имкони сафари Венаро пайдо кардаам. Намедонам Нуралӣ Давлат ба ин сафар рафт ё не, аммо роҳбарияти вақти Вазорати иқтисод ва савдо пешниҳоди ТҶ «Хома»-ро дар бораи хароҷоти сафари як нафар журналист рад ва маро аз ин сафар ноумед карданд.
Ба ҳар ҳол, дар навиштани матлаби фавқ, аз ҷумла андешаҳои устод Ҷовид Муқимро ба ҳайси коршиноси масоили иқтисодӣ истифода кардам. Мақсадам аз ёдоварӣ аз ин навишта ин аст, ки ба дурустии андешаҳои устод Ҷовид дар қароргоҳи ин созмони бонуфуз баҳои хуб доданд.

Дӯсте, ки ҳақи устодӣ дорад

Ҷовид Муқим дӯстест, ки ба ман ҳақи устодӣ дорад. Чанд дафъа дар машваратҳои омӯзишии «Мактаби журналистикаи асри 21» дар доираи Барномаи ҲОУП ҳамроҳи дигар ҳампешагон вобаста ба бемории сил ва роҳҳои табобату пешгирии он иштирок карда, аз устодону табибони силшинос маълумоти зарурӣ гирифтем. Натиҷааш ҳамин буд, ки чор сол пайиҳам аз рӯи номинатсияҳои матбуот ва радио сазовори ҷои аввал шудам.
Вобаста ба муҳимияти мавзӯъ масъулони Барномаи ҲОУП тасмим мегиранд, ки аз ҳисоби иштирокдорони фаъоли давраҳои омӯзишӣ бояд тренерҳо тайёр шаванд, то ин ки онҳо минбаъд мустақилона журналистони ҷавонро омӯзонанд.
Дар даври навбатии омӯзишӣ ҳудуди 20 нафар журналистон аз пойтахт ва минтақаҳо даъват шуда буданд. Дар машғулиятҳои якҳафтаина дар баробари намояндагони Барномаи ҲОУП, ЮСАИД, Маркази ҷумҳуриявии бемории сил ва дигар ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ Ҷовид Муқим низ давоми шаш рӯз ба ҳайси тренер ба мо машғулият гузаронд. Ҳамон вақт, мушоҳида кардам, ки дӯсти мо чӣ қадар таҷрибаи хуби корӣ дорад. Аудиторияро дуруст идора мекунад. Ва аз ин ҳам муҳимаш бо истифода аз бозиҳои гуногун, пурсишномаҳо ва баҳсу андешаҳо, машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад, ки гузаштани вақтро намефаҳмед. Шавқи машғулиятҳои устод Ҷовид имкон намедод, ки бо сӯистифода аз дӯстӣ лаҳзае аз семинар дер кунам.
Дар кофе-брейкҳо пешхизматон дар баробари дигар шириниҳову анвои хӯрданӣ рӯи мизҳо самбӯса низ мегузоштанд. Устод Ҷовид самбӯса намехӯрд ва эрод гирифт, ки самбӯса бо пиёз тайёр мешавад ва ҳангоми дар аудитория суҳбат кардан аз бӯи нохуши он дили шунавандагон беҳузур мегардад.
Дар ҷамъбасти семинар ба мо ба ҳайси тренер Сертификат доданд, ки дар поёнаш дар баробари ному насаби дигар масъулон имзо ва ному насаби профессор Ҷовид Муқим низ сабт шудааст.
Воқеан, ин ҳуҷҷат имкон дод, ки ба ҳайси тренер мустақилона як бор барои журналистони ҷавон машғулият гузаронам.

Якраву якрӯ

Дар доираи ҳамкории ниҳодҳои зертобеи Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии молиявии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) тобистони соли 2008 бори дуввум дар берун аз ҷумҳурӣ дар шаҳри Боку (бори аввал соли 2006 дар Кобул) давраи омӯзиши тахассусиро гузаштем. Иттифоқан дар Боку ҳамроҳи як гурӯҳ рӯзноманигорон бо ҷаноби Чак Райс ба дидори ҳам расидем. Дарёфтам, ки ҷаноби Чак баъди фаъолияташ дар Душанбе сарварии мактаби журналистикаи байналмилалии Бокуро ба уҳда доштааст.
Аснои муаррифӣ ин устоди амрикоӣ баробари маро дидан гуфт, ки «чеҳраат шинос аст». Ман аз ҳамкории «Интернюс нетворк» бо Радиои «Ватан» ва аз вохӯрӣ дар Душанбе бо ӯ ёдовар шудам. Чак Райс бо хушҳолӣ аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ёд кард ва дар идома аз Ҷовид Муқим пурсон шуда, гуфт, ки Ҷовид журналисти соҳибтаҷриба, вале якраву якрӯ аст. Ҳақиқатро мехоҳад, адолати иҷтимоиро хуш дорад…

Рӯзноманигори хушсалиқа

Ҷовид Муқим дар ҷодаи рӯзноманигорӣ сабки хоси худро дорад. Навиштаҳояш хурду ҷолибанд. Дар як мақолаи кӯтоҳ ба қавле як ҷаҳон маъноро меғунҷонад. Дар баррасии мавзӯъ, таҳлил, масъалагузорӣ, баробари дарёфти камбудӣ, роҳҳои ҳалли онро низ пешниҳод мекунад ва ҳатман ҳисобу китоби иқтисодиро вобаста ба он нишон медиҳад, ки навиштаҳояшро шавқовару хонданӣ месозанд. Матлаби ӯ дар бораи саросемагии роҳсозони тоҷику чинӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба нашр расид ва аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуд.
Навиштаи дигараш, ки он ҳам дар ҳамин нашрия чоп шуд, такаббуру фиребгарӣ, беҳунариву бебаракатии чанде аз устоҳои мошинро дар Душанбе бо лаҳни тунд зери тозиёнаи танқид гирифта буд, ки онро низ хонандагон хуш қабул карданд.
Умуман, ин устоди иддае аз рӯзноманигорони шинохта дар тамоми жанрҳо матолиби хубу хонданӣ навиштааст. Памфлету фелйетонҳои «Оини мансабдорӣ»,«Артист», «Хӯҷаинча» ва ғайра бо вуҷуди ҳаҷман хурд буданашон баробари як асари калонҳаҷм арзиш доранд, ки ин паҳлуи фаъолияти касбии Ҷовид Муқим таҳлили дигарро мехоҳад.
Устод Ҷовид дар рафиқиву ҳамнишинӣ ҳам мард аст. Мисли он ки ба кисаи шогирдонаш ҳеҷ гоҳ чашм ало намекунад, аз дӯстонаш низ тамаъ надорад. Дили софу бекина дошта, дар ҳама ҳолат омодааст, ки дасти фитодаеро бигирад, ё лоақал ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад. Асари камоли ҳамнишинӣ бо Ҷовид буд, ки тақдир маро бо иддае аз ҳамсабақони рӯзноманигораш, мисли Саъдулло Ҳайдарӣ, Ниёзбеки Қаландар, Шаҳло Акобирова, Манижа Қурбонова, Холбегим Давлатова, Абдураҳмон Раҳмонов, Ҷамшед Фозилӣ ва ғайра рӯ ба рӯ намуд ва имрӯз бо ҳамдигар аҳди дӯстӣ баставу солҳои гуногун бо чанде аз онҳо ҳамкор низ будем.

Лоҳутӣ аз Ҷовид рӯ гардонидааст?

Ёд дорам, чанд сол қабл Ҷовид Муқим китобҳои таълимиву илмияшро ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар номинатсияи «Пажӯҳиши илмӣ дар журналистика» пешниҳод карда буд. Аммо аз комиссияи озмун маслиҳат доданд, ки «имсол ба эҳтироми як нафар рӯзноманигори солхӯрда ба шумо ин ҷоизаро дода наметавонем, аммо соли оянда ҳатман он насибатон хоҳад шуд».
Солҳо гузаштанду Абулқосим Лоҳутӣ ва Ҷовид Муқим ҳамдигарро наёфтанд. Ҷовид, ки чоплусиву хушомадгӯиро дӯст намедорад, дигарбора ҳуҷҷатҳояшро ба ин комиссия пешниҳод накард. Бо вуҷуди он ки баъзе ҳампешаҳои мо бори дуюм ин ҷоизаро гирифтаанд, эътибори он дар миёни журналистон коста шудааст. Бовар дорам, дар сурати баранда шудани профессор Ҷовид Муқиму ӯ барин журналистону муҳаққиқони тавоно эътибори ин ҷоизаи Иттифоқи журналистон аз нав баланд хоҳад шуд. Агарчи ӯ дигар ба ин гуна ҷоизаҳо ниёз надорад. Асарҳои илмию таълимию бадеӣ, унвони баланди илмиаш вайро маҳбуби дӯстону ҳамкорону шогирдон, ба таъбири дигар Ҷовидро муқими ошёни меҳри дилҳои мо гардонидааст, ки ин шараф на ба ҳар кас муяссар мешавад.

Пасгуфторе, ки мебояд пешгуфтор мешуд

Соли гузашта бо сабаби пандемияи COVID-19 ва саривақт хабар нашудан, дар маросими видоъ бо падари дӯстам дар зодгоҳаш деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав иштирок карда натавонистам. Вале рӯзи фотиҳа пагоҳии барвақт ҳамроҳи дӯстонам Ворису Сӯҳроби Зиё дар ҳавлии падарии Ҷовид ҳозир шудем. Мардуми зиёд ба эҳтироми муаллим (падару қаҳрамонмодари Ҷовид 10 нафар фарзандро ба дунё оварда, ба таври шоиста тарбияту соҳибмаълумот кардаанд. Рӯҳашон шод бод!) омада, ба арвоҳаш фотиҳа мехонданду мерафтанд. Қариб 40 дақиқа он ҷо будем, аммо аз Ҷовид дарак набуд. Бародаронаш гуфтанд, ки ҳозир меояд. Бисёр мехостем аз наздик бо ӯ рӯ ба рӯ шуда, бигӯем, ки дар ин лаҳзаҳо ғамшарикаш ҳастем.
Фардо хабар шудем, ки устод Ҷовид он пагоҳӣ ду соат барои донишҷӯён дарс доштааст. Бо шунидани ин ба ёдам расид, ки боре дар як маъракаи хурсандии хонадонам ин дӯстамро низ даъват кардам. Ҷовид дарҳол гуфт, ки рӯзи шанбе то нисфирӯз дарс дорам, агар имконият шуд, ҳатман меравам… Бале, ӯро Худованд ҳамин хел офаридааст. Дар зиндагиву кор принсипҳои худашро дорад ва баракати ҳаёту хушбахтиашро дар истифодаи дурусти вақт ва тафаккури созанда мебинад. Ҷавҳаре, ки на ҳама доранд…
Алӣ ҶӮРА,
журналист

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: