Мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар4-05-2018, 14:12
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
04.05.2018 14:05, шаҳри Душанбе 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҷараёни мусбатро касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем. Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд. Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии худ, ба хусус дар ҷодаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нерӯгоҳҳо, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ талош меварзад. Таъсиси корхонаҳои муштарак, дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулотҳои ватанӣ, аз ҷумла намак, шакар, шарбатҳои гуногун, коркарди мева, сабзавот ва маъданҳои гуногун, фармасевтика барои рушди иқтисодиёти кишварҳо судовар арзёбӣ карда шуд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, соҳаҳои туризм ва синамо аз имконитҳои дигари фаровони муносибатҳои дуҷониба маънидод гардид. Зимни мулоқоти самимӣ ҳар ду ҷониб доир ба мавқеъи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам дар самти аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд. Дар ҷамъбасти мулоқот Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар иброз дошт, ки “Ҳиндустон шарики табиӣ ва боэътимоди Тоҷикистон буда, роҳбарияти олии кишвари мо нақши калидии Шуморо дар роҳи пешгирии терроризм эътироф менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳ ва сарҳадоти набард бо ин зуҳуроти нангин қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон саҳми бориз ва талошҳои пайвастаи пурсамари Шумо Ҷаноби Олиро, ки минтақаро аз ин вабои сирояткунанда раҳоӣ бахшидед, арзишманд дониста, бо итминон таъкид менамояд, ки Тоҷикистон наҷотбахши на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он то кишварҳои Каспий ва Баҳри Сиёҳ мебошад”. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.