Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фарҳанг дар мавҷи 106,5 FM

Фарҳанг дар мавҷи 106,5 FM

6-07-2017, 06:30
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳанг дар  мавҷи  106,5 FM
Чандест, нафарони зиёде чӣ дар нақлиёт ва чӣ дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз барномаҳои радиои «Фарҳанг» тавсиф мекунанду аз мазмун ва муҳтавои хуб доштани он ҳарф мезананд. Иттифоқан банда низ чанд бор барномаҳои ҷолиби диққатеро аз ин шабака шунида будаму мавзӯи интихобшуда ва таҳлили он бароям хеле ҷолиб ба назар расид. Махсусан, як барномае аз хазинаи хониши бадеӣ ҳар рӯз пагоҳӣ соати 10:00, чошт 15:10 ва бегоҳ соати 19:00 пахш мегардад. Ин барнома бо хондани осору афкори шоирони классики форсу тоҷик садо дода, шунаванда метавонад аз ин хазина матлаби хубу муфидеро аз ашъори гузаштагон бардошт кунад. Бинобар чун аз мушоҳидаҳо аён шуд, ки радиои «Фарҳанг» дили мухлисони зиёдеро тасхир кардаву шунавандагони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст, хостем аз чӣ гуна ба ин муваффақият ноил гардидани кормандони радиои мазкур хабардор шавем. Бо ҳамин мақсад дари утоқи кории сармуҳаррири ин радио Ҷонибек Асрориёнро кӯфтем.
- Лутфан бигӯед, ки барномаҳои радио таҳти кадом унвонҳо пешкаши шунавандагон мегарданд, ки боиси афзун гаштани мухлисон гардидааст?
- Аввалан салому дуруди хешро ба кормандони ҳафтаномаи «Минбари халқ», кулли шунавандагони радиои «Фарҳанг» ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз мерасонаму онҳоро бо фарорасии рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик мегӯям.
Гузоштани унвон ба барнома низ маҳорати хуберо аз кормандон талаб мекунад, зеро маҳз унвонҳои ҷолиб метавонанд таваҷҷуҳи шунавандаро ба сӯи худ ҷалб кунад. Мо барои барномаҳо унвонҳои диққатҷалбкунандаро интихоб мекунем, то тавонем дар навбати аввал зеҳни шунавандаро зуд ба тарафи худ кашем. Баъдан ҳангоми таҳлилу баррасии он низ кӯшиш мекунем, ки риштаи диққати шунаванда канда нашавад ва барномаҳоро дар шакли кӯтоҳ, вале пур аз маънӣ баррасӣ менамоем. Масалан, барномаҳое, ки қариб ҳар рӯз пахш мешаванд, таҳти унвонҳои «Оинадори нур» (пахши мустақим) аз 4 бахш иборат аст, «Рози чархи кабуд» доир ба рӯйдодҳои аҷиби олам, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» , «Як ғазали дилошӯб» ва ё «Андарзи пирони маърифат» (андешаи ҳакимонаи шоирону нависандагони гузашта) ҳастанд. Китобхонаи радиои «Фарҳанг» дар бораи китобҳое, ки доир ба фарҳангу адабиёт дар ҷумҳурӣ чоп мешаванд, маълумот медиҳад. Баъдан, хониши бадеӣ аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавӣ»-и Мавлоно, умуман асарҳои манзум ва мансури шоирону нависандагони классикии тоҷику форс, «Шафақи ранг» барномае, ки шеърҳои шоирони муосирро дар бар мегирад. «Фарҳангоро» далелҳои аҷоиб аз ҳаёти хаткашонҳо, «Дорухонаи табиат» доир ба гулу гиёҳҳо, меваю сабзавоти табиати Тоҷикистон дар суҳбат бо мутахассисон, «Паёми дӯст» шеърҳо аз эҷодиёти шоирони Эрон ва Афғонистон , «Фарҳанги завқ» доир ба муносибат бо кӯдак, «Ин заминро арҷ аз арш аст», ки андешаҳои олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ оид ба Тоҷикистонро дар бар мегирад дар давоми соатҳои муқарраршуда пешкаши шунавандагон менамоем. Дар баробари ин бахши интихоби суруд ва мусиқиро низ ҷиддан таҳти назорат қарор медиҳем. Дар ин бахш оҳангҳо ва сурудҳое баргузида мешаванд, ки матн ва муҳтавои хуб дошта бошанду дар гӯши шунаванда форам расанд.
- Барномае низ таҳти унвони «Ёд доред? Ёд Оред!» аз ин радио пахш мешавад. Манзур аз ин барнома чист ва чаро он чунин номгузорӣ шудааст?
- Бале, барномае ба чунин унвон дар радиои «Фарҳанг» садо медиҳад ва он ҳафтае як бор, яъне рӯзҳои сешанбе пешкаши сомеъон мегардад. Ин барнома ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони солҳои 60, 70, 80 ва 90-ум бахшида шудааст. Албатта, ёд овардан аз шахсоне, ки дар таърихи фарҳангу адаби тоҷик саҳми арзишманде гузошта буданд, вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Дар ин барнома мо кӯшиш мекунем, ки аз ҳаёт ва фаъолияти ҳунармандони солҳои дар боло зикршуда ёд орем, ки мо чеҳраҳои дурахшоне дар саҳифаи фарҳанги тоҷик доштем. Масалан, дар ин ҷо мо аз ҳаёти ҳунармандони машҳур Ҳанифа Мавлонова, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Боймуҳаммад Ниёзов, Наргис Бандишоева, Аҳмад Бобоқулов, Акашариф Ҷӯраев, Муқаддас Набиева, Кароматулло Қурбон, Тоҷиддин Муҳиддин ба насли имрӯзи тоҷик ёдрас мекунем, зеро онҳо намоёнтарин ҳунармандоне буданд, ки чӣ дар интихоби матни суруд, чӣ дар тарзи хондану овози нотакрорашон маҳбуби дилҳои ҳамагон буданд. Бинобар ба воситаи ин барнома мо мехоҳем пулеро байни ҳунармандони гузашта ва имрӯзаи тоҷик бисозем, то онҳо тавонанд ҳарчи бештар аз ҳунармандони гузашта ёд кунанд.
- Сирри асосии муваффақияти Шумо дар чӣ аст, интихоби унвони барнома, тарзи расондани он ба шунавандагон ва ё ягон сабаби дигар низ вуҷуд дорад?
- Ҳамаи ин гуфтаҳо дар умум асоси муваффақияти мо мебошанд. Аммо як чизи дигареро бояд илова кунам. Шояд шумо дар байни барномаҳои мо ба як барномае таҳти унвони «Иртибот» гӯш андохта бошед. Барномаи мазкур дар як ҳафта як бор рӯзҳои сешанбе пахш гардида, аз се бахш: «Ба мо менависанд», «Дархост ва пешниҳод» , «Фарҳангоро» иборат аст. Дар он ҷо шунавандагон мустақиман ба сармуҳаррири радио дар иртибот мешаванд. Онҳо камбудиҳо ва муваффақиятҳоямонро ба мо рӯирост мегӯянд. Аз пешравиҳои гуфтаи сомеон мо рӯҳбаланд шуда, камбудиҳоро барои худ қайд мекунему аз пайи ислоҳи онҳо дар барномаҳои минбаъда мегардем. Яъне як сирри асосии муваффақияти мо ин дар иртибот будан бо шунавандагони худ ва мувофиқи завқу шавқи онҳо ба роҳ мондани барномаҳои радиои «Фарҳанг» мебошад. Ба наздикӣ ҳафтаномаи «Миллат» як назарсанҷиеро дар соҳаи радиошунавонии кишвар гузаронида буд, ки радиои мо бо гирифтани 38% овоз дар ҷои якум қарор дошт. Албатта, пеш аз ҳама мо ташаккури худро ба шунавандагони закӣ ва мухлисони азизи барномаҳои радиои «Фарҳанг» мерасонем, баъдан саҳми кормандони мо низ дар ин ҷода басо калон аст.
Мусоҳиб Гулҳаёи Мадимар



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: