Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУЖДАИ ВАҲДАТ

МУЖДАИ ВАҲДАТ

28-06-2018, 10:15
Хабарро хонданд: 573 нафар
Назарҳо: 0
МУЖДАИ ВАҲДАТ
27 – уми июни соли 1997 – ро хуб ёд дорам. Дар он айём мудирии шуъбаи кишоварзии Радиои Тоҷикистонро ба уҳда доштам. Барномаи «Кишоварз» ҳар рӯз аз соати 14 то 15 садо медод ва мухлисони ниҳоят зиёде дошт. Ҳамон рӯз ҷумъа буд. Барномаро таҳия карда, ба ҳуҷраи корӣ омадам. Соати чордаҳ барнома оғоз ёфт. Бояд як соат садо диҳад. Вале, тақрибан баъд аз 30 – 32 дақиқа банохост барнома қатъ шуд. Мушавваш шудам. Гумон кардам, ки кадом нуқсони техникӣ рух дода. Чаро, ки қатъ гардидани барномаҳои радио қатъиян мумкин нест, илло дар ҳолатҳои фавқулода. Дар ҳамин ҳолат «Ин ҷо Душанбе» - гӯён овози сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» - и радио Муҳаммадумари Нурмуҳаммад садо дод, ки таскин ёфтам. Гап дар сари ин аст, ки дар маҷлиси пагоҳӣ директори ҳамонвақтаи радио Мансур Султонов баъд аз баррасии нақшаи корӣ ва тасдиқи барномаҳои ҳамонрӯза иброз дошт, ки то чошт бояд Нусратшо Таваллоев дар иртибот ба имзои Созишномаи сулҳ аз Маскав гузориш ирсол намояд.
Чун мавриди мувофиқ аст, мехоҳам дар бораи шодравон Нусратшо Таваллоев ба таври фишурда маълумот бидиҳам. Мавсуф соли 1955 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тавсияи аллома Бобоҷон Ғафуров дар Институти марксизм-ленинизми назди КМ ПК Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор оғоз намуд. Баъд аз як сол дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба вазифаи муҳаррир ва баъдан дар Институти такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳайси котиби масъул ва муҳаррири маҷмӯаи китобҳои методӣ барои омӯзгорон корро идома дод. Аз моҳи октябри соли 1958 то лаҳзаҳои охири умр – 28 марти соли 2008 дар идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, ки ҳоло «Овози тоҷик» ном дорад, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида ва мудири шуъбаи форсӣ зиёда аз панҷоҳ сол адои хидмат кардааст. Маҳз бо кӯшиши ӯ садои алломаҳои Машриқзамин Саид Нафисӣ, Фурӯзонфар, Халиллулоҳ Халилӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар даҳаи охири моҳи июни соли 1997 ҳайати ҳукуматӣ барои ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ба шаҳри Маскав сафар кард ва дар ҳайати он намояндагони васоити ахбори умум, аз ҷумла шодравон Нусратшо Таваллоев ҳам дар ин ҳайат шомил буд ва ҳамарӯза аз ҷараёни ин мулоқотҳо хабар медод. Кормандони радио ин хабару гузоришҳоро таҳриру такмил дода, пешкаши шунавандагон менамуданд. Чаро ки дар он рӯзҳо тамоми гӯшу ҳуши мардум ба хабарҳои аз Маскав ирсолшуда буд. Бинобар ин Мансур Султонов ба сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» супориш дод, ки баробари дастрас кардани хабар онро ба таври оҷил ба самъи шунавандагон бирасонад. Муҳаммадумар ҳам баробари гирифтани хабар фавран аз ошёнаи панҷум ба ошёнаи дувум, ки студия он ҷо воқест, мефурояд ва барномаи «Кишоварз»- ро боз медораду ба таври фишурда чунин хушхабарро мерасонад:
«Ин ҷо Душанбе, Радиои Тоҷикистон. Шунавандагони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба мо ин лаҳза аз шаҳри Маскав хушхабаре расид, ки ҳамаи мову шумо дер боз интизори он будем. Чанд лаҳза қабл Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба диёри куҳанбунёди мо сулҳ омад. Ҳамаи шуморо бо ин хабари хуш муборакбод мегӯем».
Ин гуфтаҳо далели он аст, ки аввалин муждарасони ваҳдат шодравон Нусратшо Таваллоев буд
Пас аз шунидани ин хушхабар шодию сурури моро интиҳо набуд. Чаро ки интизориҳо бор ва ранҳҷои кашидаи Сарвари давлат ганҷ оварданд:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.

Мо бояд шукргузори ҳамин Ахтари саъди тоҷикон бошем.Чаро, ки тавре мегӯянд:
Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.
Ва ё:
Шокиронро дӯст медорад Худо,
Ҳар кӣ ношукрӣ кунад, бинад ҷазо.

Бинобарин мо бояд шукри онро бикунем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳое ноил гадидем, ки таърих назирашро надидааст.
Мо шукргузори он бошем, ки имрӯз ҳамаи унсурҳои давлатдориро дорем. Ба мо танҳо лозим аст, ба хотири он ки аъдо оби моро ба ҷӯи худ накашад, воҳид бошему баҳри шукуфоии кишвар аз як гиребон сар бароварда, ба меҳнати ҳалол пардозем. Чаро ки тавре мегӯянд, ваҳдат ба истиқлолият мебарад ва истиқлол ваҳдатро ба камол мерасонад. Яъне , яке дигареро тақвият медиҳад.
Карим МӮСО
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: