Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД ҲАР КӢ НАКУНОМ ЗИСТ…

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД ҲАР КӢ НАКУНОМ ЗИСТ…

2-04-2020, 17:10
Хабарро хонданд: 358 нафар
Назарҳо: 0
ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД ҲАР КӢ НАКУНОМ ЗИСТ…
На танҳо ман, аҳли оилаву хешу ақрабо, балки тамоми мардуми шаҳри Турсунзодаву кулли мамлакат боз аз як амали ҷавонмардонаву олиҳимматонаи Пешвои муаззами миллат сипосгузор гардида, ба дили бузургу нексиришташон аҳсану офарин мегӯянд. Ман ва аҳли оилаамон як умр сипосгузорем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди корҳои зиёди давлатӣ, барои шод кардани рӯҳи падари мо шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров чанде пеш ба хонаи мо ташриф оварда буданд ва бо дуои нек арвоҳи падари моро шод намуданд. Ин дили софи яке аз бузургтарин сиёсатмадорони дунё кулли мардумро чун оҳанрабо ба худ ҷалб карда метавонад, - гуфт зимни суҳбат раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода Муҳаммадамин Камолов.
Кору пайкори Ҳоҷӣ Камол Мадумаров на танҳо дар шаҳри Турсунзода, балки дар тамоми ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамчун қаҳрамони меҳнат, ҳамчун деҳқони асил, ангурпарвари номӣ, инсони нексиришту саховатманд абадан хоҳад монд. ӯ тавассути меҳнати ҳалолаш, чашми кордонию маҳорати бузурги ташкилотчигиаш беш аз 500 гектар заминро ангурзор намуда, ҳамасола ҳосили фаровон мерӯёнд. Меҳмонони дохилию хориҷиро ангурҳои лазизу фаровони парваришнамудаи ӯ ба ҳайрат меовард.
Ӯ тӯшаи роҳи охираташро бо дастони худ омода карда буд
Ҳоҷӣ Камол дар зиндагиаш мактаб бунёд кард, кӯпрук сохт, барои ҳазорҳо нафар тавассути чоҳи амудӣ об баровард. Чандин километр роҳро сангфаршу мумфарш намуд. Ба ҳазорҳо нафар боғпарварони ҷавон маслиҳатҳои судманд дод. Ба садҳо нафар эҳтиёҷмандон кумаки беғаразона расонд. Ба фонди хайриявии ҷумҳурӣ ва фонди рушди деҳот маблағҳои муайянро ирсол намуд. Анборҳои калонро барои нигоҳдошти маҳсулот (яхдон) бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ мавриди истифода қарор дод.
Бо вуҷуди бо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Туркманистон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ робитаҳои хуби дӯстию бародарӣ доштанаш боз он қадар хоксор ва фурӯтан буд, ки бо ҳар як нафар шахси ростомада самимона вохӯрию ҳолпурсӣ мекард.
Шодравон Ҳоҷӣ Камол шахсияти нотакрор, деҳқони маълуму машҳур, ангурпарвари номдор ва шахси меҳнатдӯсту ватанпарвар буд. ӯро ҳамчун шахси дасту дилаш пок ва чашму дилаш сер мардум ҳурмату эҳтироми зиёд мекарданд. Дар хоҷагии Боғи Сомон, ки ӯ сарвараш буд, беш аз ҳазору сад нафар деҳқонон заҳмат мекашиданд ва аз парвариши ангур даромади хуб ҳам насибашон буд.
Ҳоҷӣ Камол Мадумаров 10 феврали соли 1940 дар деҳаи Жданови (ҳоло Янгибоғ) ҷамоати Киров, ҳоло ба номи Ҷӯра Раҳмон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб курси тракторчигиро ба итмом расонда солҳои сол дар хоҷагии ба номи Ленин ҳамчун механизатор ва бригадир фаъолияти пурсамар дошт.
4 октябри соли 2019 дили ин деҳқони асил ногаҳон аз тапидан монд. Садҳо нафар дӯстону ихлосмандони ин шахсияти маълуму машҳур дар ғаму андӯҳи пайвандони ӯ шарик буданд ва аз Худованд илтиҷо доштанд, ки Ҳоҷӣ Камол Мадумаровро раҳмату махфират намояд...
Ҳоло кори ӯро фарзандонаш Муҳаммадамин, Абдуҳошим, Акмалиддин, Абдурасул, Абдуҷаббор идома медиҳанд.
Нигоштаҳои хешро бо байти Саъдии бузургвор ҷамъбаст менамоем, ки дар ҳаққи чунин мардони кор фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Ҳотам Рабиев, рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: