Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пашинян истеъфо дод, вале то замони интихобот ба кораш идома медиҳад

Пашинян истеъфо дод, вале то замони интихобот ба кораш идома медиҳад

24-04-2021, 09:18
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, гуфт, бо ҳадафи баргузории интихоботи пеш аз вақти порлумонӣ истеъфо дод, вале то замони овоздиҳии 20-уми июн ба кабинаи вазирон раҳбарӣ хоҳад кард.

Пашинян истеъфо дод, вале то замони интихобот ба кораш идома медиҳадӮ рӯзи 25-уми апрел дар паёме телевизионӣ гуфт, дар интихобот аз тарафи Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ" номзад мешавад.

Бино ба Конститутсияи Арманистон, барои пароканда кардани порлумон сарвазир бояд ба истеъфо равад. Дар сурати истеъфои сарвазир, фраксияи порлумонӣ дар муддати ҳафт рӯзи пас аз қабули истеъфои ҳукумат, ҳақ дорад, номзадҳоро ба нахуствазирӣ пешниҳод кунад.

Шӯрои миллӣ сарвазирро бо аксарияти овозҳои шумораи умумии вакилон интихоб мекунад.

Пашинян изҳор дошт, ки номзадии ӯ ба мақоми сарвазири Арманистон дубора пешбарӣ хоҳад шуд: "Дар интихобот Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ" иштирок мекунад. Маро ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ мекунанд." Ӯ афзуд, "танҳо мардум тавассути овоздиҳии ҳақиқӣ ва одилона ояндаи кишварро ҳал мекунанд."

Мухолифин барои пурра аз мансаб рафтани Пашинян талош доранд. Рақибони сарвазир хавф доранд, ки интихобот бидуни истеъфои Пашинян одилона нахоҳад шуд, вале ӯ ваъда додааст, ки дар сурати шикаст қудратро ба ҷойгузини худ хоҳад супурд.

Пас аз созиши сулҳ бо Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ, эътирозҳо дар Арманистон аз сар гирифта шуданд. Тибқи ин санад, як қисми қаламравҳои минтақа таҳти назорати Озарбойҷон қарор гирифтанд. Никол Пашинян исрор дорад, ки танҳо бо кумаки чунин созиш ба низои шадид хотима гузоштан мумкин аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: