Президенти Арманистон Армен Саркисян баъд аз тазоҳуроти шаби сешанбе дар назди бинои порлумони ин кишвар шаш вазирро ба истеъфо фиристод. Онҳо намояндагони ҳизбҳои "Арманистони шукуфо" ва "Дашнак-тсутюн" буданд, ки аз тарҳи мушкилкунандаи интихоботи пеш аз муҳлат ҷонибдорӣ карданд.
Парокандашавии порлумон ва эъломи интихоботи пеш аз муҳлатро, аз ҷумла сарвазири Арманистон Никол Пашинян талаб дорад. Ӯ дар суҳбат бо тазоҳургарон гуфт, аз мақомаш истеъфо медиҳад ва дар сурати интихоб нашудани ҷойгузинаш дар тӯли ду ҳафтаи оянда, порлумон бар пояи Конститутсия, пароканда ва интихоботи пеш аз муҳлат эълом хоҳад шуд. Пашинян гуфт, эҳтимол аст, интихобот моҳи декабр баргузор шавад.
Маҷлиси миллии Арманистон шаби сешанбе дар ҷаласаи ғайринавбатии худ ба қонуни тартиботи дохилии порлумони ин кишвар тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, ки аз сӯи се ҷиноҳ – Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ҳизби "Дашнактсутюн" ва блоки "Тсарукян" пешниҳод шудааст, агар баррасии масъалае ба далели ҳолати изтирорӣ ё монеагузорӣ ба иштироки вакилон сурат нагирад, ҷаласаи Маҷлиси миллӣ баргузорношуда дониста хоҳад шуд.
Сарвазир Никол Пашинян гуфт, тағйироти воридшуда имкониятҳоро барои парокандасозии порлумон коҳиш хоҳад дод. Ӯ вакилон, сиёсатмадорон ва нирӯҳоеро, ки аз тағйирот ҷонибдорӣ карданд, "зиддиинқилобӣ" номид.
Шаби сешанбе мардум бо даъвати сарвазир дар назди бинои порлумони Арманистон дар Ереван ҷамъ шуданд, то эътирози худро ба лоиҳаи баҳсбарангези тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур баён кунанд.