Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пашинянро сарвазири Арманистон интихоб накарданд

Пашинянро сарвазири Арманистон интихоб накарданд

25-10-2018, 08:32
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Пашинянро сарвазири Арманистон интихоб накарданд

Порлумони Арманистон дар раъйдиҳии рӯзи 24 октябр Никол Пашинянро ба мақоми сарвазирии ин кишвар интихоб накард.

Пашинян номзади ягона буд. Ӯро ҷиноҳи ҳизби "Елк" номзад таъйин кард. Даври дувуми раъйдиҳӣ барои интихоби сарвазир 1 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Се ҷиноҳи порлумонӣ раъй надоданд ва ҷиноҳи "Елк" худдорӣ варзид. Дар ниҳоят Пашинян 0 раъйи мусбат, 1 раъйи зид касб кард. 11 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

16 октябр Пашинян эълон кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо медиҳад. Вай гуфт, барои баргузории интихоботи ғайринавбатӣ чунин тасмим гирифтааст. Дар порлумони Арманистон бузургтарин ҷиноҳро Ҳизби ҷумҳурихоҳон соҳиб аст, ки пештар ҳизби ҳоким буд.

Ҳамакнун дар сурате, ки агар то як ҳафтаи дигар имкони интихоби сарвазири нав фароҳам нашавад (талоше, ки Пашинян ва тимаш доранд), Маҷлиси миллии ин кишвар бар асоси қонун пароканда эълон мешавад. Дар ин ҳолат интихоботи ғайринавбатӣ дар нимаи аввали моҳи декабр баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: