Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Заҳролудшавии сокинон аз решаи гиёҳе, ки вазири қирғиз тавсия дод

Заҳролудшавии сокинон аз решаи гиёҳе, ки вазири қирғиз тавсия дод

21-04-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Заҳролудшавии сокинон аз решаи гиёҳе, ки вазири қирғиз тавсия додБаҳсҳо атрофи пешниҳоди президент ва вазири тандурустии Қирғизистон дар бораи табобати коронавирус бо маҳлули решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл - "аконит" тундтар мешаванд.

Як мард дар шаҳри Бишкек баъди истеъмоли маҳлули ин гиёҳ заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ду нафари дигар низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз он гиёҳ бистарӣ ҳастанд.

Дар пайи ин заҳролудшавиҳо фаъолони маданӣ талаб доранд, ки унвони илмии вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев бекор ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.
Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Фаъоли мадании қирғиз Умай Арикова зидди вазири тандурустӣ рӯзи 16-уми апрел ба додгоҳ шикоят бурд. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки ба фаъолияти вазир баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҳамин гуна даъво аз сӯи фаъоли ҷамъиятӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар ирсол шудааст. Умай Арикова мегӯяд, амали вазири тандурустӣ ҷиноят аст ва ба амнияти кишвар хатар дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: