
Дар Қирғизистон дар доираи парвандаи кӯдакфурӯшӣ нисбати ҳафт корманди тибб айб эълон шуд. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек вазири корҳои дохилии ин кишвар Кашкар Ҷунуншалиев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, шаш тан аз ин айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳ ва як тани дигар дар ҳабси хонагист. Вазир афзуд, баъди анҷоми тафтишот ҷузъиёти парвандаро шарҳ хоҳад дод.
Ба иттилои мақомот, аз рӯи далели гумшавии кӯдакон дар Қирғизистон дар маҷмуъ чаҳор парванда боз шудааст.
Дар фурӯши кӯдакон кормандони беморхонаҳои шаҳрӣ гумонбар мешаванд. Онҳо 7 сентябр боздошт шудаанд.