Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намуданд

Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намуданд

12-03-2021, 13:21
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро оғоз намудандБаъд аз як соли қатъи парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе-Кобул барқарор гардиданд. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода иттилоъ додаст.

Мавсуф афзуд, ки 10 марти соли равон баъд аз як соли таваққуф аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «KamAir» дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ки он бозгӯи вазъи муътадили эпидемикӣ дар кишвар мебошад.

Ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд, аз ҷумла, «Kam Air»-и Афғонистон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ матраҳ шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: