Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чеварони тоҷик аз коршиносони ширкати «Skilift Consulting»-и Ҳиндустон тарзу василаҳои дӯхти либос меомӯзанд

Чеварони тоҷик аз коршиносони ширкати «Skilift Consulting»-и Ҳиндустон тарзу василаҳои дӯхти либос меомӯзанд

24-02-2021, 10:42
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Чеварони тоҷик аз коршиносони ширкати «Skilift Consulting»-и Ҳиндустон тарзу василаҳои дӯхти либос меомӯзандМаркази тиҷорати байналмилалӣ барои 34 нафар мутахассисони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон зарфи шаш рӯз давраҳои омӯзишӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти чеварон ва баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии кори онҳоро баргузор менамояд. Ин мутахассисон дар оянда ба ҳайси мураббӣ донишҳои андӯхтаашонро ба ҳамкоронашон талқин менамоянд. Давраҳои омӯзишӣ охири моҳи феврал дар Душанбе ва аввали моҳи март дар Хуҷанд аз ҷониби коршиносони ширкати консалтингӣ аз Ҳиндустон — Skilift Consulting таҳия ва дарс дода мешаванд.

Ҳадафи ин давраҳо — омӯзиш додани равандҳои навтарини тарзу василаҳои дӯхти либос ба кормандони маҳаллӣ мебошад. Чеварон донишу маҳорати худро доир ба тарз ва раванди дӯхти либос сайқал дода, роҳҳои ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтар аз тариқи тағйир додани ҷараёни истеҳсолотро меомӯзанд. Дар баробари назария, гурӯҳи иштироккунандагон бо тамринҳои амалӣ доир ба мудирияти кормандон ва методологияи баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дӯзандагон фаро гирифта мешаванд.

Мутахассиси ширкати Skilift Consulting Нантакумар Кандасамӣ мегӯяд, ки қарор аст ширкаткунандагони ин давраҳо донишҳояшонро ба ҳамкоронашон дар корхонаҳо ва донишгоҳҳо омӯзонанд. Ӯ мегӯяд: «Ҳадафи мо таълими равандҳои муосири тарзу василаҳои дӯхти либос ба чеварони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Бо истифода аз ин донишу малакаҳои нави ҳосилшуда мо интизор дорем, ки маҳсулнокиии кор дар ширкатҳо беш аз 20 фоиз боло меравад».

Инчунин мутахассисони Skilift аз 8 то 12 марти соли 2020 аз ширкатҳои шарики МТБ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд боздид мекунанд. Дар доираи ин ибтикор, ширкатҳои дӯзандагие, ки дар давраҳои омӯзишӣ иштирок намудаанд, нақшаи семоҳаи фаъолияти худро барои амалисозиии методологияи тренингҳо дар дохили ширкатҳо омода мекунанд.

Барномаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) – барномаи чаҳорсола буда, дар доираи он ба ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Миср, Марокаш ва Тунис кумак расонида мешавад. Ҳадафи барнома пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имконияти даромад ва ҷойи кор мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: