Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нассоҷӣ13-08-2018, 10:11
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайате аз намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон 6 август, сафари ҳафтаинаи омӯзишии худро ба Ӯзбекистон оғоз кард. Ин иқдом дониши роҳбарони ширкатҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро доир ба таҷрибаи ин кишвари ҳамсоя боло бурда, барои ҳамкориҳои тиҷоратии ду ҷониб роҳ мекушояд. Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 17 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иборат аст. Аъзои ҳайат аз ин фурсат барои омӯзиши вазъи феълии саноати нассоҷиву дӯзандагии Ӯзбекистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими тиҷоратӣ истифода хоҳанд кард. Ин сафар дар чорчӯби Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) муштаракан аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Иттиҳодияи “Узтекстилпром”, ширкатҳои консалтингии тоҷикистонии “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” созмон дода шудааст. Ҳайат аз корхонаҳои пешсафи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру вилояти Тошканд, як донишгоҳ ва як иттиҳодияи тиҷоратӣ ва марказҳои фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ дидан карда, бо ҳамтоёни ӯзбек ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар сатҳҳои гуногунро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ӯзбекистон аз соҳаҳои муҳими содиротӣ буда, бо суръат дар ҳоли рушд аст. Ин кишвар аз нигоҳи истеҳсоли пахта дар қатори даҳ кишвари аввали ҷаҳон қарор гирифта, асосан нахи пахта ба берун мефурӯшад, ки гуфта мешавад, 60%-и содироти умумии маҳсулоти нассоҷӣ аз кишварро ташкил медиҳад. Ин манбаъ афзудааст, ки «таҳаввулот дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон дод, то ин сафар ба кишвари ҳамсояро ташкил намуда, таҷрибаи саноатчиёнашро биомӯзем. Шиносоӣ бо барномаву дастгириҳои давлатии саноати нассоҷиву дӯзандагии кишвари ҳамсоя низ ҷузъи барномаи сафар аст. Он барои намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон манфиати зиёд дошта, имкон медиҳад, то ба кишварамон бо идеяҳои нав ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва боз ҳам беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ баргарданд. Ҳамчунин, ин сафар дари бозори наверо ба рӯи ширкатҳои мо боз ва имкони барқарор сохтани робитаҳои навро фароҳам меорад”. Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария дар ҳоле сурат гирифт, ки Тошканд ба пешвози ҳайати олирутбаи расмии Тоҷикистон ҳафтаи оянда тайёрӣ мебинад. Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин мақсад ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии махсуси соҳавӣ мерасонад, ки яке аз он фароҳам намудани шароити шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибахои кишварҳои дигар аст. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.