Сенати Амрико Доналд Трампро "бегуноҳ" эълон кард15-02-2021, 12:13
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Муҳокимаи дуввуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки ба барангехтани балвои маргбор дар назди бинои Конгресс муттаҳам мешуд, рӯзи 13-уми феврал бо “бегуноҳ” эълон шудани ӯ анҷомид.
Ҳангоми раъйдиҳӣ дар Сенати Амрико 57 вакил ба тарафдории гунаҳкор шумурдани Трамп ва 43 нафар мухолиф раъй доданд. Бо вуҷуди раъйи аксарият бар асоси муқаррарот 10 раъйи дигар кифоят накард, ки Доналд Трампро ба барангехтани балвои хунин дар рӯзи 6-уми январ гунаҳкор шуморанд. Барои қарори мусбат дар ин замина аз се ду ҳиссаи вакилон бояд раъйи мувофиқ медоданд. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси Амрико Доналд Трампро як ҳафта пеш аз анҷоми маъмурияташ ба барангехтани балво ва ҳуҷум ба бинои Конгресс гунаҳкор донист. Дар он рӯз садҳо нафар аз тарафдорони Доналд Трамп сафи маъмурони пулисро рахна карданд ва ба дохили бинои Конгресс ворид шуданд. Дар натиҷаи балвову вайронкорӣ ва бесарусомониҳои он рӯз 5 нафар ҷон доданд. Дар сурати “гунаҳкор” эълон кардани Доналд Трамп дар Сенат ӯ дигар ҳақ надошт, ягон мақоми давлатӣ бигирад, вале акнун метавонад, дар соли 2024 дигарбора дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад. Ҳафт вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 вакили Ҳизби демократ ва вакилони мустақил пайвастанд ва ба тарафдории гунаҳкор шумурдани Доналд Трамп раъй доданд. Муҳокима, яке аз он муҳокимаҳои камсобиқа дар таърихи Амрико шуд, ки вакилон аз ҷиноҳҳои сиёсии гуногун ва мухолиф ба ҳам ба тарафдории гунаҳкор эълон шудани раиси ҷумҳур раъй медиҳанд. Доналд Трамп баъди хотимаи муҳокима низ аз ҳамсафи худ, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар сенат Митч Макконел як зарбаи сахт хӯрд. Ӯ билофосила баъди поёни раъйдиҳӣ гуфт: “Ҳеҷ шакке нест, ки раиси ҷумҳур Трамп амалан ва ахлоқан ҳодисаҳои он рӯзро барангехт. Одамоне, ки ба ин бино ҳамла карданд, бовар доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои раиси ҷумҳурашонро иҷро мекунанд.” Митч Макконел гуфт, ки барои бегуноҳ эълон кардани Трамп раъй додааст, зеро ба ақидаи ӯ, Қонуни асосӣ ба Сенат ин ҳақро надодааст, ки раиси ҷумҳури собиқро ба ҷавобгарӣ бикашад. Митч Макконел афзуд, дар сурати гунаҳкор шумурдани Трамп, Сенати Амрико метавонист, дар оянда рақибони алоҳидаи сиёсиро ба содир кардани қонуншикание муттаҳам карда ва аз ҳаққи соҳиб шудан ба мақомҳои давлатӣ маҳрум кунад. Айни замон ба гуфтаи раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенат, агар Трамп дар мақомаш мебуд, метавонистанд, барои амалкардҳояш дар додгоҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва ё маъмурӣ бикашанд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як баёнияе пас аз анҷоми муҳокима, гуфтаҳои Макконелро ҳам зикр кард. Ӯ гуфт: “Ҳарчанд дар раъйдиҳии ниҳоӣ ӯро гунаҳкор нашумурданд, вале касе ба таркиби иттиҳом шак надошт. Ҳатто онҳое, ки мухолиф буданд, ба мисли Макконел раҳбари ҷиноҳи аққалият дар Сенат бовар доранд, ки Трамп дар иҷрои вазифааш ба “кутаҳии нанговар” роҳ додааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.