Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парвиз Давлятов: Аз касби интихобкардаам хушҳолам

Парвиз Давлятов: Аз касби интихобкардаам хушҳолам

10-02-2021, 14:39
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Парвиз Давлятов: Аз касби интихобкардаам хушҳолам
Тасодуфӣ нест, ки Мегафон Тоҷикистон оператори имкониятҳои нави рақамӣ маҳсуб меёбад: ширкат аввалин шуда, дар кишвар якчанд насли таҷҳизоти алоқаро ба кор даровард, ба муштариён як қатор инноватсияҳои рақамиро пешниҳод намуд. Дар бештари мавридҳо истифодаи ҳамаи навовариҳо аз пойтахти Тоҷикистон оғоз меёбад. Кормандони раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳам дар ширкат ва ҳам дар бозори алоқаи Тоҷикистон ба ҳайси кашшофон баромад мекунанд. Ин фаъолияти мураккабро Парвиз Давлятов, шахсе, ки 17 соли ҳаёти худро ба МегаФон бахшидааст, роҳбарӣ менамояд. Ў, ҳамчунин, аз соли 2003 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, сараввал роҳбарии ташкилоти ҳизбии “Ҷавонони асри 21”-ро ба зимма дошт, аз соли 2020 бошад, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-ро дар ширкати Мегафон Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.

Директори Раёсати минтақавии дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз Давлятов фаъолияти худро дар ширкат аз мақоми корманди қаторӣ, яъне ҳамчун мутахассис оид ба кор бо арзу шикоятҳои Маркази хизматрасонии муштариён оғоз намуда буд. “Дар соҳаи телекоммуникатсия ман аз соли 2002 фаъолият дорам. Баъд аз хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чанд муддат дар Тоҷиктелеком ба ҳайси коргари одӣ кор мекардам, ба Мегафон бошад (аниқтараш, ба МЛТ – ширкати мо дар он замон чунин ном дошт) дар соли 2004 гузаштам. Барои ба кор қабул шудан бояд аз мусоҳиба мегузаштам. Барои ин ба идораи МЛТ - иморати зебову тозабунёд, ки дар назди бинои Почтаи Тоҷик қарор дошт, рафта, аз суҳбат гузаштам ва дере нагузашта, ба кор, ки он аз муошират бо муштариён иборат буд, шурўъ намудам”, – ба хотир меорад, Парвиз Давлятов.

Дар миқёсҳои таърихӣ 17 сол муҳлати ночиз аст. Лекин соҳаи алоқа дар ин муддат тавонист ҷаҳиши бузургро ба амал орад. Ба муштариёни собиқадор ин далел ҳадди ақал аз рўйи намуди зоҳирии дастгоҳҳои мобилӣ маълум мебошад. Телефони намунаи соли 2004, ки танҳо қобилияти зангзанӣ ва ирсоли SMS-ро дошт, ба смартфонҳои муосири дорои функсияву замимаҳои сершумор баробар шуда наметавонад. Худи фаъолияти кормандони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ низ дар он давраҳо аз имрўз фарқ мекард.
- Он вақт сатҳи рақамикунонии соҳаҳо дар қиёс ба замони муосир чандон мукаммал набуд, – мегўяд Парвиз Давлятов. – Масалан, мутахассисон оид ба хизматрасонии муштариён дар аввал ҳатто барномаи системавӣ надоштанд. Асбоби кории ман дафтари одие буд, ки ман ба он ҳамаи қайдҳоро ворид мекардам. Ба назди мо бо масъалаҳои одитарин – пайвастшавӣ ба шабака ё пуркунии тавозун меомаданд... Акнун бошад, мо дорои ЭКО-идораҳое мебошем, ки дар он метавон ҳисобҳои хизматрасониҳои манзилӣ-коммуналиро пардохт намуд, қарз гирифт, чиптаҳо ва гаҷетҳои гуногунро дастрас намуд. Айни замон, инчунин, нақдкунии маблағҳои корти бонкӣ низ имконпазир аст, – ин имконият чанде пеш ба муштариёни шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд. Дар миёнаи солҳои 2000-ум чунин хизматрасониҳо комилан ғайритабиӣ менамуданд, - мегўяд ў.
Бо вуҷуди ин, фаъолияти директори ояндаи РМ дар самти пайвасткунию қабули пардохтҳо он қадар зиёд давом накард. Дар як муддати кўтоҳ Парвиз Давлятов, инчунин, худро дар соҳаҳои дигар низ санҷида баромад: дар шуъбаи маркетинг фаъолият мекард, ба шарикони тиҷоратӣ кор мебурд ва инчунин, ба инкишофи самти фурўши хусусии ширкат машғул буд. Сипас, Мегафон Тоҷикистон аллакай вориди ноҳияҳо шуд, пойгоҳҳои базавӣ акнун берун аз ҳудуди шаҳрҳои бузург ба кор дароварда мешуданд. Дар ноҳияву деҳаҳои дурдаст дар бораи мафҳуми алоқаи мобилӣ ҳатто тасаввурот надоштанд. Ин ҷо зарурати ба мардум фаҳмонидани ин воситаи алоқа, аҳамияти баланди он дар пешбурди фаъолияти корӣ, тиҷорат, тамос бо наздикону пайвандон, зиндагии ҳамарўза, умуман ҳолатҳои гуногуни ҳаёти инсон пеш омад. Ва бешубҳа, яке аз мақсадҳои асосӣ шиносоӣ бо бренди оператор ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳалли ин масъалаи мураккаб Парвиз Давлятов аллакай дар вазифаи нави директори раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд кумак менамуд. Дар ҳар як минтақаи кишвар ширкат иқдомҳои бузургро барои муштариёни эҳтимолӣ доир менамуд, лекин қабл аз ин маъракаи васеи бунёди шабака ба вуқўъ пайваст, зеро мардум бояд сифати алоқаи Мегафонро аллакай дар лаҳзаи пайвастшавӣ баҳогузорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, пойгоҳҳои базавии оператор дар маконҳое арзи ҳастӣ карданд, ки қаблан дар онҳо умуман ягон навъи алоқа мушоҳида намешуд. Дар бисёр нуқтаҳои хурди аҳолинишин Мегафон Тоҷикистон то ҳол ягона оператори барои сокинони маҳаллӣ дастрас боқӣ мемонад. Зиёда аз ин, аз пайи шабакаҳои насли дуюм ва сеюм Мегафон Тоҷикистон мувофиқи нақша ба таъмини ҳудуди кишвар бо интернети босуръати 4G оғоз намуд.
Дар мақоми роҳбари Раёсати минтақавии вилояти Суғд Давлятов дар давоми солҳои 2011-2012 фаъолият мекард. Сипас, ба ў пешниҳод карданд, ки роҳбарии раёсати минтақавии навро дар Душанбе ва НТМ ба зимма гирад. Ҳамин тариқ, ҳашт сол қабл Парвиз Давлятов ба иҷрои вазифае, ки айни замон онро ба зимма дорад, шурўъ намуд.
- Раёсати Минтақавии мо комилан аз сифр ташкил ёфт, гўем ҳам, хато намекунем. Корро ҳадди ақал аз он оғоз кардан зарур буд, ки барои худ бинои идораро бисозем. Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза ҳам вазифаи дигари муҳимро ба монанди бакордарории пойгоҳҳои базавӣ дар тамоми минтақаҳое, ки мо дар он барои сифати алоқа ва нуфузи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” масъулият доштем, аз мадди назар дур насозем. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки мо тавонистем шабакаи ниҳоят рушдкардаро бунёд намоем. Замоне мо аввалин шуда, алоқаи 3G-ро роҳандозӣ карда будем ва ин дар маҷмўъ аввалин рўйдоди роҳандозӣ шудани шабакаи насли сеюм дар ҳудуди кишварҳои пасошўравӣ бо нишасти калони матбуотӣ ва муаррифии чунин муъҷизаи замон ба монанди занги видеоӣ буд. Дар ёд дорам, барои иҷрои ин мақсад нерудиҳӣ ба телефон чунон зиёд зарур меомад, ки он ба тасфидан наздик мешуд. Айни замон бошад, дар ҳамаи марказҳои ноҳиявии НТМ аллакай шабакаи 4G бо суръати хеле баланди интернети мобилӣ фаъол мебошад. Дар Душанбе аллакай шабакаи 5G бо суръатҳои “гигабитӣ” дар амал аст. Ҳатто дар навоҳии дурдаст муштариёни мо бе ягон мушкилӣ тариқи смартфонҳо интернетро истифода мебаранд, ин аллакай ягон муъҷизае набуда, ба одати ҳаррўзаи сокинон табдил ёфтааст, - изҳор медорад Парвиз Давлятов.
Қобили зикр аст, ки нуқтаи назари Парвиз Давлятов оид ба инкишофи телеком назари шахсест, ки дар ин қўра обутоб ёфтааст. Мутахассиси касбӣ на танҳо намуди зоҳирӣ ва вазифаҳои асосии телефонҳоро ба назар мегирад: ў медонад, ки ҳар як насли нави алоқа бо худ тағйироти ҷиддиро дар инфрасохтор ба бор меорад. Он пойгоҳҳои базавӣ, хатҳои алоқаи нахӣ-нурие, ки Мегафон айни замон, доро мебошад, шояд як даҳ сол пеш ба назари худи кормандон таҷҳизоти афсонавӣ менамуд. Ба қатори инноватсияҳои худи соли 2020 бакордарории технологияи “Овози возеҳ дар шабакаи 4G” VoLTE, SIM-кортҳои электронӣ, ҷорикунии онлайн-хизматрасонии муштариён, имкони нақдкунии маблағи кортҳо дар толорҳои алоқа ва албатта, роҳандозии шабакаи 5G дохил мешаванд. Ҳамаи ин аввалин шуда дар Тоҷикистон ба шарофати МегаФон пайдо шуданд. Хусусияти фарқкунандаи командаи оператор дар он аст, ки ў ҳамеша кўшиш мекунад аввалин шуда, натиҷаҳои беҳтарин ва олиҷанобро ба даст орад.
-Ташкили чунин команда, шояд, дастоварди бузургтарини ман дар мақоми директори раёсати минтақавӣ бошад, – мегўяд Парвиз Давлятов.
– Бисёриҳо аз ман пурсон мешаванд, ки барои чӣ ман солҳои зиёд дар як ширкат фаъолият мекунам? Сабабҳо гуногунанд. Аввал ин ки Мегафон – командаи қавӣ ва беҳтарини ҳамфикрон мебошад. Дуюм, ширкати мо доимо дар инкишоф буда, бо талаби замон тағйир меёбад – ин хеле ҷолиб аст! Сеюм ин, ки дар ин ҷой аз ноилшавӣ ба мақсадҳо ман воқеан ҳаловат мебарам. Бале, бисёр корҳо анҷом дода шудаанд. Вале моро боз корҳои зиёде интизоранд, дар пеш мақсадҳои зиёд гузошта шудаанд. Тўли тамоми фаъолияти хеш дар Мегафон ман як чизи одӣ, лекин хеле арзишмандро дарк намудам: муҳим нест, ки ту дар кадом вазифа кор мекунӣ. Муҳим он аст, ки кори худро дўст дорӣ ва онро бо камоли майл ва хушнудӣ ба иҷро расонӣ. Ба ширкат ва тамоми ҷамъият фоида оварӣ. Аз интихоби роҳе, ки дар он ман имкон дорам, ба тамоми кишварам фоида оварам, ман хеле хушҳолам!”.
“МХ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: