Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Парвиз Назаров ба ёди Ватан месарояд

Парвиз Назаров ба ёди Ватан месарояд

4-10-2018, 09:14
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Парвиз Назаров ба ёди Ватан месарояд
Вохӯрии рӯзноманигорон бо сарояндаи тоҷики сокини Алмаато Парвиз Назаров дар толори муҷтамаи давлатии «Шарқи озод» ним соат дер аз вақти таъиншуда оғоз ёфт. Аз хабарнигорон дар ин муддат чанде бетоқатӣ карда, аз толор берун мерафтанд, вале боз ҳам ҷозибаи ному ҳаваси дидор бо ин овозхон буд, ки пас аз лаҳзаи дар берун истодан дубора бозгашта меомаданд.
Пас аз интзориҳо дар ниҳоят садои «Омад!» - гуфтани яке аз созмондиҳандагони нишаст ҳамаро шод карду толор ҳам дар як дам аз хабарнигорону мухлисон пур шуд. Парвиз ҳам бо тамоми аъзои гурӯҳ ва аҳли оилааш омад!
Ин овозхони тоҷик, ки солҳо боз сокини Қазоқистон аст, барои иштирок дар фестивали «Тобистони Душанбе» вориди кишвармон шуда, мақсад дорад, бар иловаи пойтахт дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб ҳам барномахои консертӣ баргузор мекунад.
Дар оғози нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки барномаи вохӯрии сароянда Парвиз Назаров бо журналистон ба 30 –солагии ҳунари овозхонии ӯ ва фаъолияти номбурда дар саҳна бахшида мешавад.
Тавре худи овозхон ишора кард, дар ибтидо нақшаи баргузории консерт дар Хоруғро ҳам дошт, аммо ба далели камбуди молиявӣ ин сафар ба маркази ВМКБ баргузор намешавад.
«Ёд дорам, ман 30 сол пеш дар як барномаи ҳунарӣ, ки дар бинои Сирки давлатӣ дар Душанбе доир шуд, барои иҷрои суруде ба саҳна баромада будам. Агарчи дар он барнома ман ҷоизае нагирифтам, вале тақдирам аз ҳамон вақт ба саҳна пайваст», - ба ёд овард Парвиз.
Дар ин нишаст, ки ба таври гуфтугӯи озод ва дар иҷрои журналисти зарофатгӯ Наҷмиддин Шоҳинбодов ҷараён мегирифт, зикр шуд, ки барномаҳои консертии овозхон дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари кишвар бе истифода аз сабт, яъне бе фонограмма, ба таври зинда доир мешаванд.
Парвиз иттилоъ дод, ки дар барномаҳояш инчунин овозхонҳои машҳури тоҷик Зикруллоҳ Ҳакимов, Баҳром Ғафурӣ, Тахмина Рамазонова ҳам иштирок ва ҳамроҳаш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Лозим ба қадрдонӣ аст, ки сафари Парвиз Назаров ба Тоҷикистон бо даъват ва дастгирии молии ширкати мухобиротии «Tcell», филиали «Казкомерсбанк» дар Душанбе, ширкати «ТАЛКО», ширкати њавопаймоии «ТољикЭйр», сарпарастии Медиа-Алянси Тоҷикистон (МАТ) ва шахсан бо кӯшиши мудири кулли он Муним Оламов сурат гирифтааст.
Парвиз Назаров соли 1971 дар шаҳри Москва таваллуд ёфта, даврони кӯдакӣ ва ҷавонии худро дар Душанбе гузаронидааст. Мактаби рассомии ба номи М.Олимови шаҳри Душанберо ба поён расонида ихтисоси рассом- наққошро дорад. Ду сол рассоми филмҳои мулитпикатсионӣ дар киностудияи «Тоҷикифилм» буд.
Соли 1989 бо таъсиси гурӯҳи «Парвин» аз ҷумлаи навозандагонаш шуд. Соли 1993 бо шурӯи нооромиҳо дар Душанбе ба шаҳри Алмаато кӯч баста, соли 1994 якҷо бо хоҳараш Ситора Назарова гурӯҳи ҳунарие таъсис доданд. Аммо аз соли 1996 ҳар кадоме ба таври ҷудогона рӯйи саҳна меоянд.
Ӯ дар посух ба саволҳои зиёди хабарнигорон дар мавриди он ки оё ёди Ватан ва Точикистон намекунад?» - аз ҷумла гуфт, ки ӯ сидқан дар фикри ин кишвар аст, вале муҳим намедонад, ки кас барои нишон додани меҳри худ танҳо аз кишвар берун нарафта, ин ҷо зиндагӣ кунад. «Ман ин меҳрро дар дил дорам ва бо сурудаҳоям ёдашро мепарвараму ба дигарон талқин мекунам», - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи овозхон, дар барномаи консертии Душанбе бори аввал сурудеро бо номи «Ба ёди Ватан» мехонад, ки матнашро Ҳамза Ҳакимӣ як нафар тоҷикистонии дигари сокини Қазоқистон навиштааст. Ӯ аз рӯйи ихтисос адвокат аст, вале маҳорати шоириву нависандагӣ дорад.
Дар ин сафар Парвизро ҳамсараш - Алия Есенова ( продюсери машҳури қазоқ, раҳбари театри «Тамаша»), ки продюсери гурӯҳ ва такягоҳи асосиаш аст, ҳамроҳӣ мекунад. Нисои 22 – сола ва Гесӯи 14 - сола – духтарони ин оила ҳам падару модари худро ҳамроҳ ҳастанд ва бо истифода аз фурсат меҳмони момояшон дар Душанбе шудаанд. Фақат Темур писари 30 – солаашон ба сабаби кор доштан ҳамроҳашон нест.
Тавре дар нишаст гуфта шуд, аъзои дастаи ҳунарии Парвиз Назаров дар баробари тоҷику қазоқҳо, намояндагони миллатҳои русу олмониву тотор низ ҳастанд. Муҳим он аст, ки онҳо дар якҷоягӣ сурудҳоеро бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ месароянд ва ҳеч яке ба сабаби намояндаи чи миллату кадом забон будани якдигар ҳазар намекунанд, балки бо амалу рафтори муштарак, суруду оҳангҳояшон меҳру ҳамбастагиро ташвиқ намуда, тухми дӯстию бародарӣ дар миёни қавму миллатҳо мекоранд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: