Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифаҳо барои соли 2021 муаяйн шуданд

Дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифаҳо барои соли 2021 муаяйн шуданд

10-02-2021, 12:59
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвина Меликова, аъзои КИМ ҲХДТ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, раисони кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок доштанд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои «Тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021», фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021», тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2021, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилоти ҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.

Парвина Меликова дар самти тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 сухан гуфт.

Гуфта шуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идома вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи чорабиниҳоро баҳри дар якҷоягӣ бо кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони шаҳрию ноҳиявӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳия доир намудан тасдиқ карда шуд.

Ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021» аз ҷониби Ҷумахон Ҷурахонзода ҳисобот ироа гардид.

Гуфта шуд, ки соли 2020 бо рӯйдоди ниҳоят муҳиму хотирмони худ, аз қабили интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли таърихӣ буд. Дар ин росто шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри дилҳо аз ҷиҳати меъморӣ, сохтани роҳҳои бисёрқабата, ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ, ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва умуман фароҳам овардани шароити созгор барои сокинони пойтахт зери роҳбарии раиси ҷавон бо диди муосир Рустами Эмомалӣ симои худро дигаргун сохтааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ҳамдастии кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 3 вохӯрӣ оид ба оммафаҳм намудани Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳия бо ҷалби гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 вохӯрии шарҳи Паём бо ҷалби вакилони МНМО, вакилони маҳаллии халқ дар маҳаллаҳо, 89 вохӯриҳои оммафаҳм намудани Паём дар ташкилоти ибтидоӣ, 138 вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ оид ба таблиғи барномаи пешазинтихоботии номзадҳои вакили МНМО, вакилони маҳаллӣ, 67 кумакҳои амалию методӣ, 275 аксияи таблиғотию иттилоотӣ, 486 даври кумакҳо ба маъюбону эҳтиёҷмандон дар 70 марҳила, 59 чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва оммавию варзишӣ, 10 ҳамоиши ҷавонон дар давраи интихоботҳо, 5 машварат, 3 маҳфили илмӣ-маърифатӣ, 145 соатҳои сиёсӣ, 176 мавод вобаста ба таблиғи ҳадафҳои ҲХДТ, 87 мақола, 30896 изҳороту вокуниш ва 45 шанбегию корҳои ободонӣ – созандагӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ – сиёсӣ гузаронида шуд, ки аксарияти онҳо дар шабакаи иҷтимоии ҳизб дар ноҳия, нашрияҳои ҳизбию давалатӣ ва ВАО инъикос гардиданд.

Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва дар вохӯриҳои ҳизбӣ 245 муроҷиати шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора дар самти кумак ба маъюбон 25 нафар, ниёзмандону беморон 181 нафар, бо кортаъминкунӣ 18 нафар, таълимию донишандӯзӣ 13 нафар, ҳалли мушкилоти маҳал 13 муроҷиат намудаанд.

Аз шумораи 245 муроҷиат 244-тоаш аз қабили 8 аробачаи маъюбӣ, 15 кумаки озуқаворию молиявӣ ба маъюбон, 181 кумаки яквақтаина ба ниёзмандону беморон, таъмини 13 нафар бо ҷои кор, ҷалби 15 нафар ба курсҳои омӯзишии ройгон, ҳалли 12 масъаларо, аз қабили таъмири роҳ, рангу бори девор, хариди қолин, гузаронидани оби гарм, ивази симчӯб дар маҳаллаҳо ташкил медиҳанд. Хушбахтона, корҳо дар ин самти хайриявӣ аз ҷониби фаъолони ҳизб мунтаззам идома дорад.

Дар давраи пешгирии аҳолӣ аз вируси сироятии COVID-19 дар ҳудуди ноҳия шурӯъ аз моҳи апрел аз ҷониби вакилон 157 вохӯрӣ, корхонаҳо 37 вохӯрӣ, ташкилоту муассисаҳо 99 вохӯрӣ ва масъулину таблиғотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҳамдастии кумитаву ташкилоти ибтидоӣ 410 вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии зиёда аз 20 830 нафар сокинон анҷом дода шуд.

Дар ин самт зиёда аз 12838 нусха маводи таблиғотӣ, 16316 адад ниқоб, 9065 адад дастпӯшак, 13596 адад антисептик, 30 адад либоси муҳофизатӣ дастраси аҳолӣ ва табибон гардид. Баҳри табобати беморон ва дастгирии молиявию озуқаворӣ аз ҷониби ҳизб ва тарафдорону вакилон барои маҳз табибон зиёда аз 60950 сомонӣ, барои беморон 116200 сомонӣ ва барои оилаҳои камбизоат 244600 сомонӣ маводи озуқавориву доруворӣ кумаки ҳизбӣ расонида шуд ва ин иқдом баҳри ҳифзи саломатии аҳолии ноҳия идома ёфта истодааст.

Дар музокироти маҷлис Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, Иброҳим Мирзозода ва Шариф Самӣ дар самти ҳамкории судманд бо фаъолони ҳизб, омодагӣ ба ҷашни муқаддасу таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои муфид сухан гуфтанд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизбӣ, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баҳри баланд бардоштани мавқеи ҳизб дар корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо дар байни ташкилоти ҳизбии ноҳия якчанд нафар фаъолон ба сафи ҳизб қабул ва бо сипосномаву ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: