Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Чин даҳҳо нафар барои фурӯши ваксинаи қалбакии COVID ҳабс шуданд

Дар Чин даҳҳо нафар барои фурӯши ваксинаи қалбакии COVID ҳабс шуданд

3-02-2021, 16:38
Хабарро хонданд: 411 нафар
Назарҳо: 0
Дар Чин даҳҳо нафар барои фурӯши ваксинаи қалбакии COVID ҳабс шудандПолиси Чин беш аз 80 нафарро ба ҳабс гирифта, зиёда аз 3000 вояи доруро, ки ҷинояткорон онро ҳамчун ваксинаи зидди коронавирус мефурӯхтанд, мусодира кардааст. Дар ин бора хабаргузории «Синхуа» хабар додааст.

Гумонбарон сар аз моҳи сентябри соли гузашта сӯзандоруҳоро бо маҳлули маъмулии физиологӣ пур карда, онҳоро ҳамчун ваксина бо нархи гарон мефурӯхтанд.

Шабакаҳои фурӯшандагони ваксинаи қалбакӣ, ки дар Пекин, Шанхай ва музофоти шарқии Шандунг фаъолият мекарданд, ошкор карда шудаанд.

Рӯзномаи англисизабони чинии «Global Times» бо истинод ба манбаи ба истеҳсолкунандаи бузурги ваксинаи чинӣ наздик навиштааст, ки фурӯшандагони доруи қалбакӣ бо истифода аз норасоии ваксинаҳо дар ҷаҳон эҳтимол ният доштанд, ки онро ба хориҷи кишвар ирсол намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: