Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » СУТ ҳушдор медиҳад, ки ваксина аз COVID-19 мумкин пайдо нашавад

СУТ ҳушдор медиҳад, ки ваксина аз COVID-19 мумкин пайдо нашавад

5-08-2020, 09:53
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
СУТ ҳушдор медиҳад, ки ваксина аз COVID-19 мумкин пайдо нашавад
Рӯзи душанбе Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор дод, ки бо вуҷуди умедвории зиёд ба ваксина, эҳтимол дорад, ки он ҳеҷ гоҳ пайдо нашавад.
То имрӯз, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 18,14 миллион нафар бо уфунати коронавирус сироят ёфтаанд ва 688,080 тан бар асари он ҷон бохтаанд. Гузашта аз ин, баъзе кишварҳое, ки фикр мекарданд, ки аллакай қуллаи баландтарини бемориро убур намудаанд, аз нав хуруҷи дубораи бемориро аз сар мегузаронанд.
Директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус ва сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Майк Райан аз тамоми кишварҳо даъват намуданд, ки чораҳои ҷоринамударо, аз қабили пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, инчунин шустани дастҳоро қатъиян риоя кунанд. Ба гуфтаи роҳбари СУТ, ниқобҳо бояд рамзи ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон шаванд.
«Ҳоло як қатор ваксинаҳои довталаб дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникавӣ қарор доранд ва мо ҳама умедворем, ки доруи муассир алайҳи коронавирусро ба даст хоҳем овард, ки битавонад ба пешгирии сирояти одамон мусоидат намояд. Вале дар ҳоли ҳозир ин дору вуҷуд надорад ва мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ пайдо нашавад», — гуфт ӯ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: