Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд17-09-2020, 15:04
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш гуфт, ки хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Ба гуфтаи вай, дар айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия «таҳдиди рақами аввал» аст ва ба зудӣ инсоният аз марзи фавти як миллион тан ба асари тавсеаи вирус убур хоҳад кард. Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад. Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи дастрас дошта бошанд. Вай изҳор дошт, ки — ваксина сарвати умумиҷаҳонии ҷамъиятӣ аст. Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст. ДАР АКС: Антониу Гутерреш. Акси: MIKE SEGAR / Reuters |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.