Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз фаъолияти гурӯҳи таблиғотӣ

Аз фаъолияти гурӯҳи таблиғотӣ

22-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Аз фаъолияти гурӯҳи таблиғотӣГурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа таи як моҳ мешавад, ки дар таътили зимистона бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр вохӯриҳо доир менамояд.

Чанд рӯз пештар дар толори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Қӯрғонтеппа, оид ба пешгири намудани воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстримистӣ дошта ва ҷинояту ҷинояткории ноболиғон, вохӯрии судманд баргузор гардид.

Сараввал, профессори ҳуқуқ Н. Азимов дар назди ҷамъомадагон дар мавзӯи “Ҷиноят ва ҷазо” баромад намуд. Сипас, ёвари прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа А. Ализода дар мавзӯи “Содир намудани ҷиноят ва пешгирии он” суханронӣ намуданд.

Инчунин, мудири шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси шаҳр Ҷ. Тоҷиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистрон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқат дар соли ҷорӣ стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад, ки ин шаҳодати ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри некуаҳволии халқ ва ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.

Мавриди зикр аст, ки вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дошта, минбаъд бо донишҷӯёни донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр тибқи нақша гузаронида мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: