Пешгири ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон22-01-2016, 12:14
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 21 январ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҷиҳати вусъати корҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, тарбияи насли воқеан давронсози миллат дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ҳамчун ташаббуси навин бо иштироки ноболиғон, ки дар давоми соли 2015 аз ҷониби онҳо ҷиноятҳои гуногун содир гардидааст, ҷавонони аз муноқишаҳои мусаллаҳонаи хориҷи мамлакат аз ҷумла аз Сурия баргашта, дар мавзӯи “Пешгири ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳри Чкалов” мулоқот доир гардид.
Дар канори ноболиғону ҷавонон дар кори мулоқот волидони онҳо, роҳбарони синф, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳал, сарварони биноҳои истиқоматӣ, нозирони минтақавӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ширкат намуданд. Мулоқотро муовини Раиси шаҳр Киромуддин Мухторов оғоз намуда, оид ба пешгирии ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуб миёни ноболиғон ва ҷавонон ибрози назар намуда, аз ҳамагон барои дастаҷамъона мубориза бурдан бо ин падидаҳои нангин даъват ба амал овард. Сипас, сармутахассис – котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Н. Абдувоҳидова оид ба вазъи ҷиноятсодиркунии ноболиғон дар шаҳр дар соли 2015 ҳисобот дода, зикр намуд, ки аз ҳисоби умумии 16 ҷинояти содиршуда миёни ноболиғон 7 адад ҷиноят аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ содир шудааст, ки боиси нигаронист. Баъдан аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Киромуддин Мухторов нахуст аз хонандагон, баъдан роҳбарони синф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва волидони хонандагон пурсиш ба амал оварда шуда, оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои муосири тарбияи хонандагон ва пешгирии ҷиноятсодиркунӣ миёни онҳо, таъсис додани марказҳои равонии кор бо ноболиғони душвортарбия дар назди шуъбаи маориф ва амсоли инҳо ба масъулин дастуру маслиҳатҳо дода шуд. Оид ба иштироки шаҳрвандони шаҳри Чкалов дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ М.Нурзода – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Чкалов суханронӣ намуда, зикр намуд, ки мутаассифона имрӯзҳо аз шаҳри Чкалов низ дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия якчанд шаҳрвандон ширкат доранд ва пас аз пушаймониҳои зиёд 2 нафар аз чунин ҷавонон ба Ватан баргаштанд. Баъдан, ҷавонони аз муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия баргашта Ҷаҳонгир Темиров ва Шаҳром Шеров аз пушаймониҳои зиёди худ ҷиҳати пайвастан ба давлати бо ном исломии Ироқу Шом иброз дошта, аз ноболиғон барои такрор накардани чунин амалҳо ва аз волидони онҳо барои эътибори ҷиддӣ зоҳир намудан ба таълиму тарбияи фарзанд даъват ба амал оварданд. Дар интиҳои мулоқот собиқадорони меҳнат, раисони маҳаллаҳои “Наврӯз” ва “Сомониён” М.Расулова ва А.Баҳодуров, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам Б.Самиев ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба таълиму тарбияи фарзанд аз нигоҳи қонунгузорӣ, панду андарзҳои бузургон ва арзишҳои олии дини мубини ислом баёни андеша намуданд. Дар интиҳо рафтори ин гуна ноболиғон ва ҷавонон маҳкум карда шуда, барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятсодиркунӣ миёни ин қишри ҷомеа ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.