Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зиндагии арзанда барои ҳар инсон яке аз асосҳои сохтори конститутсия

Зиндагии арзанда барои ҳар инсон яке аз асосҳои сохтори конститутсия

25-01-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
 Зиндагии арзанда барои ҳар  инсон яке аз асосҳои сохтори конститутсия
Давлати мо қадри инсон, ҳифзи ҳаёту саломатӣ, амният ва таъмини шароитҳои арзандаи кору зиндагонии шаҳрвандонро аз ҳадафҳои умдаи хеш қарор дода, солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин росто ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Ҷудо кардани замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ самти муҳим ба шумор рафта, ба беҳбуди вазъи зиндагонии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат мусоидат намудааст.
Давоми ин солҳо ба шаҳрвандон он қадар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, ки дар муқоиса ба 70 соли давраи Шӯравӣ чандин баробар зиёд аст. Ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ё бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва масолеҳҳои сохтмони ройгон таъмин намудани сокиноне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона, ин кумаку ғамхориҳо гоҳо то ба ниёзмандони воқеӣ, зарардидагони ҳақиқии офатҳои табиӣ нарасида, аз беназоратии баъзе шахсони масъулини соҳа сӯиистифода бурда, ғайриқонунию ноодилона қитъаҳои замин ё манзилҳои истиқоматиро касоне соҳиб мешаванд, ки аслан ба он ҳақ надоранду шахси комилан тасодуфӣ ҳастанд.
Дар ҳолати дигар бошад, хонаводаи зарардида замин ё манзили борояш аз ҷониби давлат ҷудошударо мегирад, аммо онро ба ҷойи мувофиқи таъйинот истифода кардану зистан ё мефурӯшад ё ройгон ба ихтиёри каси дигар медиҳаду худ бошад, дар ҳамон маҳали пешина, ки мутахассисон истиқомати онҷоро хавфноку номумкин донистаанд, зиндагониро давом медиҳанд. Табиист, ки ҳолатҳои мазкур мавриди эътирози ҳаққонии шаҳрвандон ва арзу шикояти онҳо ба мақомоти болоӣ қарор мегиранду баъзеҳо аз асли кор бехабар дар ҳамаи ин хилофкориҳо давлатро айбдор эълон мекунанд.
Мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур дар соли 2020 санҷиш гузаронида, ҷой доштани чунин ҳолатҳои нораворо дар тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзил ба офатзадагони ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ошкор намуд.
Муайян карда шуд, ки дар натиҷаи боридани боронҳои сахти пай дар пайи рӯзҳои 20-21 моҳи апрел ва 14-16 моҳи майи соли 2009 ба манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсию деҳқонии шаҳрвандон ва роҳҳои деҳаҳои Боло, Поёни Анҷумани 18-и ҳизб ва Уялии ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросон зарари зиёди моддӣ расонида шудааст.
Бо дарназардошти ҳамчун минтақаи хавфнок боқӣ мондан ва эҳтимолияти омадани ярч мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани сокинони деҳаҳои Боло, Поёни Анҷумани 18-и ҳизб ва Уялии ноҳия ва бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудани онҳо рӯйхати 491 нафар шаҳрвандонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.
Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, №298 аз ҳисоби заминҳои корами обии хоҷагиҳои деҳқонии “М.Мелибоев” майдони 43 га ва аз “Ориён” майдони 18,65 га, дар маҷмуъ 61,65 гектар гирифта ва ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи деҳаҳои Боло ва Поёни Анҷумани 18-и ҳизб ва Уялии ҷамоати деҳоти мазкур аз 0,08 то 0,10 гектарӣ ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудаанд.
Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 362 нафар оилаҳои зарардида барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ масолеҳи сохтмонӣ ва маводҳои хӯрокворӣ кумак кардааст. Вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо ва дигар соҳибкорони ҷумҳурӣ бошанд, ба 129 оилае, ки аз офати табиӣ пурра зарар дида буданд, манзилҳои истиқоматӣ сохта, бо тамоми асбобу анҷоми рӯзгор ба онҳо ройгон тақдим карданд.
Гарчанде зарардидагон аз хавфнок будани минтақаи зисташон огоҳ шуда бошанд ҳам, 29 нафари онҳо аз беназоратии мақомоти дахлдори соҳавии ноҳия сӯиистифода намуда, фарзандонашонро дар ҷойҳои бехавф монда, 5 нафари дигар манзилҳои истиқоматии ба онҳо ройгон додашударо бо маблағҳои аз 4 то 10 ҳазор доллари ИМА фурӯхта, боз ба манзилҳои истиқоматии хавфноки пешинаи худ баргаштаанд.
Мувофиқи хулосаи комиссияи мақомоти дахлдори соҳавӣ, аз офати табиӣ рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 манзилҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии 36 оила пурра ва 40 оилаи сокинони деҳаҳои Боло ва Поён қисман зарар дидаанд. Аз ин ба 76 оила барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳои сохтмонӣ дар деҳаи Чорбоғи ин ҷамоат ройгон таъмин карда шудаанд. Ба 9 оилае, ки манзилҳои истиқоматиашон зарар дидаанду аммо минтақаи зисти онҳо бехавф мебошад, масолеҳи сохтмонӣ ройгон дода шудаанд. Ба 184 оилаи дигаре, ки заминҳои наздиҳавлигиашон зери обу лой монда, зарари камтар дидаанд, маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расонида шудаанд.
Боиси зикр аст, ки аз ин офати табиӣ манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии 34 оилае, ки соли 2009 онҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонидашуда бо манзилҳои истиқоматии таъмин гардида буданд, бори дигар зери обу лой мондаанд. Ин дафъа ҳам, мисли дигар офатзадагони табиӣ, онҳо маводҳои хӯрокворӣ гирифтанду боз талаб доранд, ки онҳо низ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида бо замин ва масолеҳи сохтмонӣ барои манзили истиқоматӣ таъмин карда шаванд.
Ё худ ному насаби 11 нафар шаҳрванд соли 2009 ба рӯйхати зарардидагону ниёзмандон барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф шомил шуда бошанд ҳам, аммо ба онҳо замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашудааст.
Дар дигар ҳолат бошад, ба 6 нафар шаҳрванде, ки ному насаби онҳо дар рӯйхати зарардидагони офати табиӣ деҳаҳои Боло ва Поён мавҷуд набуданд, чун осебдида давоми солҳои 2009-2016 бо қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон дар деҳаи Чорбоғи ин ҷамоат қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳол он ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ танҳо ба зарардидагони офатҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст.
Комиссияи таъсис додашуда, дар рӯзҳои аввали ҳодисаи табиӣ масъули ба рӯйхат гирифтан, муайян намудани зарар ва ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани онҳо бошад ҳам, вале дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ беэътиноӣ зоҳир намуда, ба қонунвайронкуниҳо роҳ додааст, ки боиси норозигӣ ва шикоятҳои пай дар пай зарардидагони офатҳои табиӣ ба мақомоти болои кишвар гардидаанд.
Аз ин рӯ, мақомоту идораҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки вазифаҳои хизматии худро ба таври дахлдор иҷро намуда, дар тақсимоти одилонаи қитъаҳои замин ва дигар кумакҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офатҳои табиӣ ҷудо карда мешавад, ҷиддӣ ва бо масъулияти баланди касбӣ муносибат намоянд, ки минбаъд пеши роҳи чунин қонунвайронкуниҳо гирифта шавад.
Назрӣ Ҳимматзода,
прокурори раёсати назорати иҷрои
қонунгузории замини Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 2
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: