Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии гуруҳҳои корӣ бо мардум идома дорад

Вохӯрии гуруҳҳои корӣ бо мардум идома дорад

22-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии гуруҳҳои корӣ бо мардум идома дорадДар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, 22-и ҷамоати шаҳраки Киров ва №20-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳайати Шарифзода Муҳаммадӣ, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ҳасани Муродиён доктори илмҳои филологӣ, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон, Зариф Ибод, адиб, инчунин Маҳмадов Одилҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Шарбатов Бобохон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш ва Муродов Олим, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо мардуми касбу кори гуногуни ноҳияи Вахш баргузор гардид.

Одилҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ки худ иштирокчии бевоситаи Паёми имсолаи Пешвои миллат буд, оиди марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат аз 1 июли соли 2016 барои кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақа, инчунин зиёд гардидани музди меҳнати ҳадди ақал аз 250 то ба 400 сомонӣ гуфта гузашта, аз ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, раиси ҲХДТ моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, софдилона ба халқу Ватани хеш хизмат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо саҳми худро дареғ надошта, ба давлат, миллат ва Пешвои худ содиқу вафодор бимонем ва нагузорем, ки ба тинҷию оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии мо касе халал ворид намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: