Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДУРӮҒ РЕШАИ КУЛЛИ ҶИНОЯТҲОСТ

ДУРӮҒ РЕШАИ КУЛЛИ ҶИНОЯТҲОСТ

16-12-2020, 15:39
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
ДУРӮҒ РЕШАИ КУЛЛИ ҶИНОЯТҲОСТ

Дурӯғгуфтан яке аз офатҳои хатарноки забон аст, ки дар ҳамаи динҳои ҷаҳон яке аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Дар Қуръону аҳодис дурӯғ ҳамчун калиди бадиҳо ва мояи табоҳии имон тавсиф шудааст. Ин гуноҳи бузург инсонро дар дунёву охират аз раҳмати Худомаҳрум месозаду эътимоди мардумро нисбат ба фард аз байн мебарад. Бо дурӯғгӯйӣ ҷомеа дучори нифоқ мешавад вабоварии мардум аз даст меравад.
Дурӯғ решаи бисёре аз гуноҳон аст, инсонҳои дурӯғгӯ худро бо дурӯғ бузург ҷилва медиҳанд, ба ҳамаи касу ҳамаи чиз бадбинии ниҳонӣдоранду бо суханони дурӯғи худ тамаллуқкорӣ мекунанд. Яке аз равишҳои дармони дурӯғ ин аст, ки бояд афроди дурӯғгӯро аз пайомадҳои дардноки сухани ботилашон огоҳ сохт, то бидонанд, ки ҳарчанд дарбаъзе мавридҳо дурӯғба онҳошояд нафъ моварад, аммо бисёр зудгузар аст ва рӯзе он дурӯғ ошкор мегардад ва шахси дурӯғгӯ шармсор мешавад.Роҳи дигари ҳалли ин масъала, тоза кардани муҳити тарбиятиву муоширатӣ аз вуҷуди афроди дурўғгў мебошад, то онҳо аз ин одати бади хеш даст кашанд ва бо таъсирпазирӣ аз муҳитин падидаи бисёр бади ахлоқӣ аз вуҷуди онҳо пок шаваад.
Дар саросари ҷаҳони ҳастӣ қонуни садоқату ростиву ҳақиқат ҷорӣ аст. Бо вуҷуди ин ки дар зоҳир тазоду нофаҳмиҳое дида мешаванд, аммо дурӯғу хиёнат дар табиат ҳаргиз вуҷуд надорад. Тамоми қонунҳои илмиву фалсафӣ бардошти нисбӣ аз ҷаҳони ҳастӣ ва қонунҳои собиту устуворион мебошанд ваҷӯяндагони ҳақиқат дар шинохти асрори ҳастӣ аз он илҳом мегиранд.
Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки бинои хилқату табиат бар ҳақиқату ростӣ устувор аст, аммо инсон ҳақу ботилро дар ҳам омехтаву онро ба таври дигаре нишон медиҳад, зеро вуҷуд доштани ботили маҳз – яъне дурӯғро наметавон ба афроди ҷомеа нишон дод, зеро дурӯғ ин вонамудани ҳодисае, воқеае, ҳолате, амале... ва андешае аст, ки умуман вуҷуд надорад ва бофтаи тафаккури дурӯғгӯ аст.
Дар ҷомеа инсонҳое ҳастанд, ки андаке аз ҳақу андаке аз ботилро гирифтаву дар ҳам меомезанд ва аз ин роҳ ботилро ҳақиқат ҷилва дода, мардумро фиреб медиҳанд. Бояд тавзеҳ дод, ки тарс аз фақру нодорӣ, бими аз даст додани мавқеъву мақому мансаб низ ба хотири дилбастагии шадид доштан ба молу ҷоҳу мақом, яке аз далелҳоидурӯғ гуфтани инсон мебошад, ки барои таъмини манфиатҳои шахсии худ аз он истифода мекунад.
Як хислат ва одати бисёр баду ношоистае, ки дар миёни иҷтимоъ як андоза доман паҳн кардааст, ин аст, ки афроде дурӯғ мегӯянд, аммо барои рост ҷилва додани дурӯғашон “ба номи Оллоњ” ҳам мегӯянд, бехабар аз он, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, зеро дар ҳадис омада: “Ҳар касе савганде ба Худо ёд кунад, ки ба андозаи боли пашае дурӯғ дар он бошад, нуқтае сиёҳ дар қалбаш падид меояду то рӯзи қиёмат боқӣ мемонад”.
Ин андешаҳое, ки иброз намудем далел бар онанд, ки дар дине, ки мо бар он бовардорем, дурӯғ маҳкум карда шудааст. Дар ин нукта ҷои баҳс нест, ки дурӯғ ҳамеша зараррасон аст барои худи дурӯғгӯ ва ба дигарҳо низ. Зарари дурӯғи як инсон ба аҳли хонаводааш мерасад, зарари дурӯғи як сардори коргоҳ ба аҳли коргоҳаш мерасад... ва зарари дурӯғи як имоми бесавод ба аҳли ҷамоат мерасад. Агар аз нуқтаи назари дунявӣ ҳам ба ин падида бингарем, ҳазорон далел матавон овард, ки маҳз дурӯғ решаи кулли ҷиноятҳост. Ҳар ҷинояткоре барои манфиати худ нахуст оғоз мекунад аз дурӯғ гуфтан, сипас, даст ба ҷиноёт мезанад ва билахира, ба ҷазо гирифтор мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳикмати мардумӣ таъкид мекунад “Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Ростиро заволе нест”.

Абдуҷаббори Суруш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: