Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДУРДОНАҲО доир ба адаб

ДУРДОНАҲО доир ба адаб

12-12-2018, 10:08
Хабарро хонданд: 642 нафар
Назарҳо: 0
ДУРДОНАҲО доир ба адаб

Хушахлоқӣ роҳу равиш ва ҳаёти Паёмбарон буда дар ҳаёт одами нишонаи ростию ростқавлист, ки бо ахлоқи хуб, роҳу равиши дуруст инсон босаодат шуда, ба некбахтию некномӣ мерасад ва қаноату шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростгуӣ, покдилӣ, эҳсонкорӣ, ҷавонмардӣ, вафодорӣ, дурӣ аз беҳудагуйӣ ва пастию разилиҳо шуда хислатҳои беҳтаринаш хоҳанд шуд. Шоир барҳақ фармудааст:
Адаб точест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷой хоҳӣ.
Ҳар ҷавони саодатманде, ки дорои ахлоқу адаб аст, дар назди мардум ва давлат боэътибор аст. Яке аз шохаҳои адаб ин ҷавонмардист, ки асосаш сафо, сахо ва вафо мебошад: сафо софдилӣ, сахо, саховатмандӣ ва вафо кардан ба ватан ва мардуми худ ва хиёнат накардан, ба халқӣ худ мебошад. Мехостам ибрози ақида оиди адаб намоям. Тибқи гуфтаи Худованд: “Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд. Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмузанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро хушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд?”. (Сураи “Тавба,” ояти 122).
Ин оят, ташвиқу тарғиб ба таълим мекунад, ки аз ҷаҳлу торикӣ дур бошем, аслу мақсади он зикри таълиму донишомузист, ки он ҳам бошад, ислоҳи ният аст. Ислоҳи ният, дар таълиму тарбия матлуб аст, монанди намозу рӯза ва дигар ибодатҳо. Пас таълим, хусусан таълими шариат,таврест, ки Худованд торикиву нодониро аз инсон дур менамояд. Чуноне, ки Умар ибни Абдулазиз гуфтааст: “Шахсе, ки Худовандро бидуни илм ибодат мекунад, дар ҷои ислоҳ кардан фосид мекунад”. Аз ин гуфтаҳои Умар ибни Абдулазиз фаҳмида мад, ки ин корҳое, ки дар байни мардум интишор шудааст, ҳамааш аз беилмиву бетарбиягӣ аст, имрӯз ҷавонони мо аз беилмӣ пайравияшон доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, тарафдори гуманизм буда, қатъан зидди бадахлоқист, аз ҷумла бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда, баҳри таъмини амнияти кишвар пайваста чораҳои судмандро амалӣ менамояд.
Устодону омӯзгорон, аҳли зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр вазифадоранд, ки пайвастшавии ҷавонону наврасонро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротидошта пешгирӣ кунанд.
Имрӯз, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятро ҳаёти орому осоишта барои кулли шаҳрвандон фароҳам овардааст. Ба хотири ободии Ватан бояд софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи хешро гузорем.
Ба номи он зоте, ки инсонро аз нутфаи беарзиш офарид, равиши зиндагиро ба вай омӯзонд ва роҳҳои сахт, пурпечу хам ва тоқатфарсоро барояш инъом кард, Паёмбаронро, ки машъали нуру ҳидоятанд, барои роҳнамоии мардум, барои касби зиндагии беҳтару хубтар фиристод. Дар асри кунунӣ, ҳар навоварии технологие, ки кашф мешавад, барои зудтар ба ба кор даровардани истеҳсолот он садо баланд мекунанд, зеро медонанд, ки аз он баҳраи зиёд бурда мешавад, аммо масдару мабнои бисёр арзишманди дигаре, ки имрӯз камарзиш шудааст, умри одамӣ, ахлок ва зиндагии ӯст. Ба олами имрӯза нигоҳ кунем, мебинем, ки чанд дар сади он аз зиндагияшон лаззат мебаранд ва баъзе аз онҳо ин гавҳари гаронбаҳоро дуруст истифода карда наметавонанд.
Имрӯз баъзе инсонҳо бидуни ба назар гирифтани ниёзҳои табиии инсон фикрҳоеро доранд, ки на танҳо худ, балки теъдоди зиёди инсонҳоро аз равиши зиндагии орому осуда дур месозад. Инсон, қувваю қудрате надорад, ки худро аз ҳар гуна мушкилот бартараф созад, барои ба мақсади хуб ва ба макони олӣ расидан манбаи дигаре ҳаст, ки он мактаби Илоҳист. Пас мебояд, ки ба мактаби Илоҳӣ чанг зад ва баҳра бурду аз фикрҳои дурушту иштибохангез дур шуд. Бояд фаҳми дурусте аз Қуръону суннат дошт, то битавон дар ду ҷаҳон ба сарфарозиву сарбаландӣ расид.
Чуноне, ки Мухаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Эй бародар, ин насиҳат гӯш кун,
Панди он оқои миллат гӯш кун.
Агар ба ҷомеаи муосир назар кунем, мебинем, ки мардум дар қарни 21, қарни илму дониш, қарни пешравии техника умр ба сар мебаранд, аммо мутаассифона бисёре аз онҳо дар парешонию нигаронӣ аз ояндаи худ доранд. Суоле дар зеҳни ҳар як фард пеш меояд, ки чаро бо пешрафти илму дониш ва озодии робита байни мардуми олам баъзеҳо дур аз ҷомеа ва дар парешониянд? Барои ҷавоби ин суол бояд гуфт, ки замоне қадру қиммати як чиз маълум мешавад, ки ба пуррагӣ ва ҳамаҷониба шинохтаву дониста шавад. Замоне, ки як ҷавон ба қувваю қудрати худ огоҳӣ надорад, ё ба нерӯи худ такя намекунад, барои пешрафту ободии худ заифӣ мекунад.

Яке аз муҳимтарин сифот, ки инсонро аз дигар мавҷудот ҷудо мекунад, ин ақл ва шуури одамист. Инсон беҳтарин махлуқест, ки дар ҳар кори худ аз ақлу шуураш истифода карда, аз ҳар бадбахтиҳо наҷот меёбад, вале дар баъзе гардишҳо инсон ба қонун хуб огоҳ набуда, фирефта гардида, дар ҳар водӣ саргардон мегардад. Аз ин рӯ,ҷавонон бояд кушиш ба харҷ диҳанд, ки ба мафкураашон фикру ақидаи саҳеҳро ҷой намоянд, то ба доми шахсони нохудогоҳу ҷоҳил надаромада, зиндагиро идома дода тавонанд.
Бояд қабул кард, ки инсон дар зиндагиаш бисёр шикасту комёбиҳоро мебинад, бинобар ин касоне, ки зиндагии худро дар асоси оромиву осудагӣ ва дур аз ҳар намуд ихтилофҳои номатлуб барпо менамоянд, бо ин кардаи хеш зиндагии худро тинҷу ором давом хоҳанд дод.
Чизи дигарро ёдовар шудан зарур аст, ки баъзе инсонҳо байни мардум бомаърифат ва боиззату эҳтироманд, баъзеи дигар аз лиҳози бемаърифатиашон, ки аз будани онхо дигарон нохушанд, бо ақидаҳои нодурусти худ, мардумро ба ҳар равияву гурӯҳҳо мекашанд. Бинобар ин амале, ки инсонро ба қуллаҳои пешрафт мебарад, ин ҳам бошад, меҳнату заҳмати худи инсон аст, ки ба ҳадафу орзӯяш мерасонад. Бояд ба худ боварӣ дошт, мисли он шахсиятҳои бузурги ҷаҳон, ки дар ҳаёти хеш нишон доданд, ки инсон бе меҳнату ҳунар ба ҷое намерасад, монанди Эдисон, ки бо вучуди нокомӣ ва шикастхои зиед ба худ бовар кард.
. Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки барои расидан ба орзую умеди хеш талошҳои зиёде ба кор бурд, зеро бе меҳнату заҳмат касе ба ҷое нарасидааст.

Умри инсон кӯтоҳ аст, аммо ҳадафу орзуҳояш зиёд, чӣ гуна метавонад, ки ба ҳадафҳои худ расад: бисёрии инсонҳо ҳадафҳои хуб доранд, аммо чунон истифода мекунанд, ки ба вақту замон дуруст намегирад, ё ин ки дар кӯтоҳтарин муддат бояд тамом шавад, тул мекашад, ва ё аз касоне истифода мебаранд, ки худи онҳо ба дигар фикр овораанд. Инсонҳои муваффақ дар ҳаёт касонеанд, ки ҳамеша мақсадҳои худро барномарезӣ карда, аз шахсиятҳои таҷрибадору бофарҳанг маслиҳат мегиранд. Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дар дуояш чунин фармудааст: “Парвардигоро, қалби маро рӯшан бигардон”, (Ривояти Бухорӣ 6316, Муслим 763) Аз ин ҳадис ва дигар аҳодис, фаҳмида мешавад, ки муҳимтарин чиз барои инсон аввалан ислоҳи қалб аст, қалб асоси амалҳост ва асли ҳаракоти бадан буда, монанди фармондеҳ болои зердастонаш мебошад.
Дар ҳақиқат, баъд аз он ки инсон аз неруи худ истифода кард, бо огоҳии комил ирода кард, ки кореро иҷро мекунад, бояд донист, ки чӣ қадар нияту иродаи неку ҳалол дошта бошад, ки ба мақсаду орзӯ ва аъмоли худ ба зудӣ расад. Шахс дар баъзе корҳо оҷизу нотавон аст, ӯ аз корҳое, ки нотавону ба зарараш аст ва мефаҳмад, ки оқибаташ шикастагист, бояд худро нигоҳ дорад, то ин ки ба ягон дараҷа расида тавонад ва ба касе зиён нарасонад. Инчунин инсон дар ҳаёту зиндагии худ наметавонад, ки ҳама хубиҳову некиҳоро пеша гирад, ҳангоме, ки ҳамеша бо ноомадиҳову мағлубият рӯ ба рӯ мешавад.
Аввалин чизе, ки бояд тазаккур кард, ин аст, ки инсон ба хотири инсон буданаш иззату эҳтиром дошта бошад. Имрӯзҳо мебинем, баъзе ашхос дар байни мардум ихтилофот карда, дар фикри онхо ақидаҳои нодурустро мехоҳанд ҷой намоянд, то ҷомеаро ноором созанд.
Хулоса, инсонро бояд эҳтиром карда дӯст дошт, зеро, агар мо эҳтиром кардем, дигарон моро эҳтиром мекунанд. Нуқтаи хулосавии ин гуфтор ба зарбулмасали
«Бори каҷ ба манзил намерасад» рост меояд. Нияти бад ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Бадахлоқон ва бадандешон бояд донанд, ки Тоҷикистон масири хубу устувореро соҳиб шудааст ва касе онро шикаставу пора карда наметавонад. Чуноне, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Саҷда бе завқи амал хушку ба ҷое нарасад,
Зиндагонӣ ҳама кирдор, чӣ зебову чӣ зишт.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ИТ ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифа (р)








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: