ИМА: Фурӯши ҷангандаҳои Су-30 ба Эрон хилофи таҳрими СММ аст19-02-2016, 11:49
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
ИМА мегӯяд, пешниҳоди Русия дар бораи фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангандаи Су-30 хилофи таҳрими СММ аст.
Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер гуфт, фурӯши ҳавопаймоҳои Су-30 иҷозаи Шӯрои Амнияти СММ-ро тақозо мекунад. Ин ҳавопаймоҳо мушобеҳи ҳавопаймоҳои ҷангандаи F-15E амрикоист. Тонер хабар дод, ки Вашингтон ин масъаларо бо Москва баррасӣ хоҳад кард. Вай гуфт, чаҳор кишваре, ки бо Эрон музокираи ҳастаӣ доштанд, "бояд дар мавриди мавҷудияти маҳдудиятҳои фурӯши техникаи низомӣ огоҳ бошанд". Тибқи созишнома, манъи фурӯши аслиҳа ба Эрон панҷ соли дигар пойбарҷо хоҳад монд. Президенти Русия Владимир Путин бо вазири мудофиаи Эрон Ҳусайни Деҳқон ахиран дидор анҷом доданд ва масъалаи ҳамкории ҳарбиву техникии ду кишварро баррасӣ карданд. Низомиёни Эрон ҳавасманди харидани системаи мушакҳои ҳавоии С-400 - "Триумф",ҷангандаҳои Су-30М ва ҳамчунин аслиҳаву техникаи дигари ҳарбӣ аз Русия ҳастанд. Ба ҷуз ин, низомиёни Эрон мехоҳанд мушакҳои соҳилии "Бастион", ҳавопаймоҳои омӯзишии Як-130, чархбол, киштиҳои зериобии "фрегат" ва киштиҳои ғайриатомии зериобӣ бихаранд. centralasian.org |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.