Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЙРАВОНИ ПЕШВО

ПАЙРАВОНИ ПЕШВО

23-11-2020, 17:02
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
ПАЙРАВОНИ ПЕШВО
«Вақте дар кӯчаҳои шаҳри зебои Душанбе қадам мезадам, аз тамошои роҳравҳои гулпӯш, дарахтони сабзу зебо ва гаштугузори озодонаи ҷавону калони мардуми тоҷик ашк ҳар ду бари рӯямро тар мекард. Ба фикр ѓутта мезадам, орзу мекардам, ки кош гуле дар диёри ман озодона аз замин бирӯяд, кош субҳе бо хандаи тифлакони диёрам аз хоб бедор шавам… Аммо, сад афсус, ки оѓозу анҷоми субҳу шоми мо бо садои тиру таркиш аст»,- бо садои хазин ҳангоми вохӯри бо рӯзноманигорон сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Аѓбар ин нуктаро баён дошта буд.
Пас аз ин гуфтаҳои ҷаноби сафир хеле зиёд ба андеша фурӯ рафтам, ватанамро боз ҳам даҳчанду садчанд дӯст доштам ва аз ҷавон буданаму шаҳрванди ватани тинҷу осудаи Тоҷикистон буданам, гумон кардам сарам пардаи осмонро харошид ва бо ифтихор шукрона намудам.
Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шавам, ки ҷавонон аз давраҳои қадим чун қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Дар ҳама давру замон онҳо ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ ва қисми такягоҳи ҷомеаанд. Ҳамчунин, ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ¬рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ѓояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебо-шанд.
Агар ба саҳифаи қариб 30 – солаи Тоҷикистон назар андозем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди¬гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар¬да шудааст.
Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо¬ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шӯъла¬афшон шуд. Мардуми мамлакат ин сулҳу ин осоиштагиро бо масъулияти баланди ватандорӣ ва бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз гирифтанд.
Дар зар¬фи қариб 30 – соли истиқлолият давлати мо чи қадар рушду нумӯъ ёфта¬аст. Акнун, моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро¬мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.
Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гавҳараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.
Ѓамхории Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам шудааст. Акнун, ҷавонон ба пуррагӣ имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва хориҷ аз кишвар озодона таҳсили илм намоянд.
Дар чунин шароит, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намуда¬ни меъёрҳои муосири таълиму тар¬бия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозо¬ри меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро са¬фарбар намудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи мил¬лату давлат ба онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таъ-рихи пурѓановати миллати худ ба ҳисоб ме¬равад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намеку¬над, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш зери суол аст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон неруи фаъолу боѓайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кар¬дан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки оян¬даи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чи гунае ки Пешвои миллат дар ҳар барома¬дашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.
Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 – уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оѓоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.
Воқеан, имрӯзҳо, ҷавонон аз ин имконияту шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода бурда, имкони пешбурди ҳама гуна корҳоро дар соҳаҳои гуногун соҳибанд. Аз ҷумла, дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти¬ву саноат ва ба монанди инҳо ҳамарӯза саҳми басо беназир мегузоранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ ка¬фолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.
Мо, ҷавонон, бахусус, ҷавонони даврони истиқлол иф¬тихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ѓамхор дорем ва дар тӯли қариб 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиа¬мон обод шуд. Ман, барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли қариб 30 сол халқамон ба шарофати меҳнати бу-нёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофа¬ти сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва¬ри азизи соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла неругоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо купурукҳои боҳашамат сохта, ба ис¬тифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра¬вии давлату миллат ва истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суѓд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то¬беи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё¬на, корхонаҳои хурду бузург, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзиш, пайкараву нимпакараҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва ѓайраҳо сохтаистодаанду месозанд.
Мо, насли ҷавони кишвар боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад. Мо – ҷавонон, бахусус, омӯзгорон барои обо¬дии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фар¬зонаи Тоҷикистон - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард. Ва ин ҳама дастоварду хизматҳои ҷонфидоёнаи Пешвои азизамонро дида, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузур¬ги ниёконамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: