Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд

Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд

17-09-2020, 15:04
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд
Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш гуфт, ки хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад.
Ба гуфтаи вай, дар айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия «таҳдиди рақами аввал» аст ва ба зудӣ инсоният аз марзи фавти як миллион тан ба асари тавсеаи вирус убур хоҳад кард. Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи дастрас дошта бошанд. Вай изҳор дошт, ки — ваксина сарвати умумиҷаҳонии ҷамъиятӣ аст.

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.



ДАР АКС: Антониу Гутерреш. Акси: MIKE SEGAR / Reuters
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: