
Намояндаи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) гуфт, Озмоишгоҳи сироятҳои хатарноки шаҳри Алматои Қазоқистон наметавонад манбаи хуруҷи коронавирус бошад.
Мудири минтақавии CDC дар Осиёи Марказӣ Дэниел Сингер 6 май дар суҳбат бо расонаҳо эҳтимоли хуруҷи коронавирусро аз озмоишгоҳи Алмато рад кард. Ҳамчунин хабари сомонаи чиниро, ки навишта буд коронавирус дар "озмоишгоҳи амрикоӣ" дар Қазоқистон коркард ва ба Чин интиқол дода шудааст, беасос номид.
"Барои сохтани вирус технологияи пешрафта ва сатҳи чаҳоруми бехатарӣ дар озмоишгоҳ лозим аст. То ҷое медонам, сатҳи бехатарии озмоишгоҳи Алмато севум аст. Бинобар ин, ба тавонмандии он озмоишгоҳ барои сохтани вирус бовар надорам", - афзуд ӯ.
Намояндаи CDC гуфт, озмоишгоҳи Алмато амрикоӣ нест ва ҳукумати ИМА танҳо сохтмони онро сармоягузорӣ ва бо таҷҳизот таъмин карда, кормандонашро омӯзиш додааст. "Ягон амрикоӣ дар озмоишгоҳи Алмато кор намекунад", - изҳор дошт Сингер.
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯзи 3 май гуфт, “далелҳои кофӣ” дар ихтиёр дорад, ки дар озмоишгоҳе дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шудани вируси коронаро тасдиқ мекунанд, аммо вай шарҳ надод, ки далелҳояш аз чӣ иборатанд. Баъдан Помпео ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо телевизиони АВС такрор кард, ҳарчанд пеш аз мусоҳиба СҶТ гуфтаҳои Помпеоро рад карда буд.
Доналд Трамп, президенти ИМА низ рӯзи 30 апрел гуфта буд, вируси корона мумкин аст, дар озмоишгоҳ сохта шуда бошад.
Вируси нав соли гузашта дар Чин хуруҷ кард. Мақомоти Чин гуфтанд, манбаи мубталошавии одамон ба ин вирус бозори ҳайвонот дар шаҳри Вуҳон будааст. То кунун вируси корона дар саросари дунё 248 ҳазор одамро қурбон кардааст. Шумори мубталоён ба бештар аз 3,5 миллион расидааст.