СОҲИБОНИ ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ВА ЗАБОНИ ШИРИН10-09-2020, 10:01
Хабарро хонданд: 645 нафар
Назарҳо: 0
Арзи сипос Се сол муқаддам, замоне ки бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷавонон эълон гардид, маро ҳамчун мутахассиси ҷавон ба вазифаи бароям масъулиятнок – мудири шуъбаи солимии репродуктивӣ дар Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии № 7 таъйин намуданд. Ва аз рӯзи аввал кӯшидам, ки сазовори боварии роҳбарият кор кунам. Пайдоиш ва паҳншавии вабои аср – коронавирус ба миҷозон ва кормандони идораи мо низ бетаъсир намонд. Дар натиҷа, ман низ мубталои ин беморӣ гаштам. Бо тавсияи ҳамкорони собиқадорам табобатро дар хона давом додам. Дар он шабу рӯзе, ки ман ин бемориро аз сар мегузарондам, ҳамкасбони азизам – сардухтури маркази саломатии шаҳрии рақами 5 Манзура-апа Исмоилова ва ҳамшираи тиббии оилавӣ Фароѓат Маҷидова шабу рӯз дар канорам буданд. Ман ба онҳо ягон муносибати хешу таборӣ надорам. Танҳо қарзи инсонӣ ва одаму одамгарӣ онҳоро ҳидоят намуд, ки баъди дарак ёфтан аз бемориам ба аёдати ман оянд. Чун аз ҳоли ман хабардор шуданд, ҳар рӯз баъди кор ба манзили ман меомаданд. Онҳо натанҳо бо доруву дармон, балки бо суханҳои наѓзу самимӣ маро дилбардорӣ мекарданд, рӯҳамро мебардоштанд ва барои тезтар сари по шудани ман мусоидат намуданд. Рафтор ва муносибати онҳоро нисбат ба худам дида суханҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотир меорам, ки дар рӯзи таҷлили иди кормандони тиб ба ҳама рӯй оварда чунин гуфтанд: «Табибон на танҳо бо дониш, балки бо лафзи ширин бояд беморонро шифо бахшанд». Оре, хеле ҳам барҳақ гуфтанд Пешвои муаззами миллат! Маҳз дониши хуб ва лафзи ширини ҳамкасбони бисёр ҳам азизу гиромиям Манзура Нодировна Исмоилова ва Фароѓатбону Маҷидова кӯмак карданд, ки ман ҳарчӣ зудтар сиҳат ёбам ва кори масъулиятноку дӯстдоштаамро давом диҳам. Орзу мекунам, ки ин вабои аср ҳарчӣ зудтар решакан шавад ва сафи беморон бамаротиб камтар гардад. Бори дигар тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаам «Минбари халқ» аз ҳамкасбони меҳрубонам Манзура Исмоилова ва Фароѓат Маҷидова арзи сипосу муҳаббат мекунам ва аз даргоҳи Худованд барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод, умри дароз ва хушбахтиҳои оилавиро ба ҳамешагӣ таманно дорам. Меҳрангез ХОҶАЕВА,
мудири шуъбаи солимии репродуктивии Муассисаи Давлатии маркази саломатии шаҳрии №7 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.