НОМУ АМАЛИ НЕКАШ МОНД1-02-2019, 09:21
Хабарро хонданд: 1028 нафар
Назарҳо: 0
Вақте аз Суқроти бузург суол кардаанд, ки дар олам чиро дӯст доштан, ба ӯ меҳр бастан мумкин, ӯ беибо изҳор намуд, ки устод – омӯзгорро. Ҳақ асту рост. Аз дардманд будани устоди азизам хизматчии давлатӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Амиршо Неъматов дараке надоштам. Устод, муддате ки дар донишгоҳ ҳамроҳ кор мекардем, оид ба вазъи саломатии худ бо ягон кас шикоят накардаанд ва доимо ҳини салому алейк аз саломатии худ шукр мегуфтанд. Устод дорои фарҳанги баланди касбиву хислатҳои волои инсонӣ ба хурду калон баробар буданд. Маҳз чунин роҳбарону омӯзгорон, ки барои таълиму тарбияи насли наврас дар дилхоҳ соҳа заҳмати бисёри шабонарӯзӣ кашидаанд, аз ёди касе нахоҳанд рафт. Ҳар ҷое, ки маҳфили гарми илму адаб ва панду ҳикмат буд, маҳфилоро буданд. “Устод қобилияти баланди ташкилотчигиву хислатҳои беҳтарини инсонӣ доштанд”, - мегӯянд ҳамкорон. –“Дар тӯли фаъолияти кориам мисли Амиршо шахси хоксор, ҳамадон ва хушмуомиларо надидаам”,- мегӯяд профессор Ҳусейнзода”. Дар ноҳияи Данғара, ки масофа аз маркази шаҳри Душанбе то он ҷо қариб 80 км роҳи ноҳамворро ташкил медод, зиндагӣ карда бо чунин дараҷаи касбӣ расидан хеле душвор буд. Амиршо Неъматов тавонистанд, мушкилиҳоро паси сар намоянд. Устод дар таълимгоҳ бисёр пурмаҳсул кор карда шабу рӯз ба тадрис машғул буданд. Камбудию норасоии шогирдонро саривақт ислоҳ намуда, дастгири ҷавонон буданд. Дар маҳфиле, ки ҳузур медоштанд, мудом сухан оид ба маънавиёт ва илму адаб мерафт. Лаҳзаҳои хотирмон бо шодравон Амиршо Неъматов ин суҳбати мунтазаму самимии мо якҷо бо ёвари ректори донишгоҳ Неъмат Наимов бисёранд. Ман муддате дар донишгоҳ бо устод ҳамкор будам ва аз панду андарзҳои устод хеле баҳравар шудаам. Устод А. Неъматов хислати аҷиб доштанд, ки мудом шукр мекарданд, шукри Ватану миллати хеш, шукронаи Пешвои муаззами миллат, шукри тинҷию оромӣ. Амиршо Неъматов хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, солҳои тӯлонӣ дар макотиб ва шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ба сифати муаллими забон ва адабиёти рус, нозир, ҷонишини мудири шуъбаи маориф, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Данғара, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси раиси ноҳияи Данғара, сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ташкили кори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши илмию техникии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳсории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Устод дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷамоатӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзиданд ва садри маҳфил буданд. Мавзӯи илмӣ – таҳқиқотиаш “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи мутахассисони замони нав ва омодагӣ ба татбиқи сиёсати дарҳои кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда тадқиқоти илмӣ мебурданд. Мулоқоти охирини ман бо устод Амиршо Неъматов 11 январи соли 2018 дар утоқи кориашон ба вуқӯъ пайваст. Мисли ҳарвақта ба пурсишам аз ҳолу аҳволаш шукргузорӣ мекард. Бо устод тасмим гирифтем, ки рӯзи истироҳатро якҷо мегузаронем, вале тақдир набудааст. Субҳи 14-уми январи соли 2019 хабари марги ӯро шунида, афсӯс хӯрдем ва хислатҳои неку симимияти ӯро ба ёд овардем. Пас ҳамроҳи ҳамкорон ба макони зисташ рафта дуо кардем, ки Худованд рӯҳашонро шоду хонаи охираташонро обод гардонад. Амиршо Неъматов, шахси саховатпеша, накӯном, некрафтор, некхисол ва нексиришт буданд. Дар тӯли ҳаёти 65-солаи худ дар дилу дидаи аҳли ноҳия ҷо гирифтанд. Ҳарчанд он кас имрӯз дар байни мо нестанд, вале ному амали нек, симои нуронӣ, гуфтори воло, одобу ахлоқи ҳамида ва инсонгарию одамдӯстиашон ҳамеша бо мост ва то абад боқӣ хоҳад монд. Шарифхӯҷа Ҳасанов, докторанти Донишгоҳи давлатии Данғараномзади илмҳои ҳуқушиносӣ, дотсент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.