Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даҳ иқдоми пешбари Пешвои миллат

Даҳ иқдоми пешбари Пешвои миллат

18-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Даҳ иқдоми пешбари Пешвои миллатПаёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, давоми мантиқии Паёми порсола буда, боз ҳам бештару қавитар ҷанбаи раҳнамунӣ касб кардааст. Ҷаноби Олӣ муҳимтарину хотирмонтарин чорабиниҳои халқу кишварро ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки ҳамаи онҳо дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа, афзоиши нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6 ва сатҳи таваррум 5 фоиз афзудааст. Қобили қайд аст, ки сатҳи камбизоатӣ 31 фоиз паст рафта, маблағи пасандозҳо 35 фоиз зиёд шудааст. Баробари ин сарвари кишвар иброз доштанд, ки омилҳои шадиди берунӣ ба бархе аз нишондиҳандаҳо таъсири манфӣ расониданд, ки ин хоси буҳрони ҷаҳонист. Вале, бо вуҷуди фарогир будани буҳрон масъалаи беҳтар кардани вазъи зисту иҷтимоиёти аҳолӣ олитарин ҳадафи фаъолияти ҳукумат боқӣ мемонад, ки аз нимаи дуюми соли равон зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву идрор шаҳодати он буда метавонад. Шояд дар назари аввал тадбирҳои мазкур ночиз намояд, вале дар заминаи буҳрони ҷаҳонӣ ва дар вазъи касрати буҷа аз моҳи июли соли равон ба андозаи 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ илова намудан ба маошу нафақа тадбири пурҷуръатона аст.

Бояд қайд кард, ки минбаъд ҳадафҳои асосии ҳукумату мамлакат аз инҳо иборат аст: 1. Гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ; 3. Таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат.

Албатта чунин аҳдоф бе иқтисоди самаранок, бе рушди нерӯи инсонӣ, бидуни тараққию болобурди манотиқи саноатӣ имконпазир нахоҳад шуд ва ҳукумат ин ҳамаро пайваста ба нақша дароварда, шароити мусоидро фароҳам меорад.

Саноатикунонии мамлакат низ аз стратегияи рушди минбаъда ва пешбар маҳсуб меёбад. Барои амалӣ гардонидани ин иқдом коркарди пурраи маҳаллии ашёи хом, зиёд намудани маҳсулоти рақобатпазир, афзудани тавоноии содиротӣ, беҳтар сохтани тавозуни хориҷӣ, ҷорӣ намудани роҳу усулҳои самараноки идораи иқтисоди камхарҷу сермаҳсул ва хушсифат, техникаю таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, пайдо кардани шарикони боэътимоди саноатию тиҷоратӣ, мутавозӣ сохтани истеҳсолот, ҳавасмандгардонии содирот, зиёд кардани номгӯи махсулоти содиротӣ, соддагардонии расмиёти савдо, афзалиятбахшии энергияи барқароршаванда зарур аст. Бо ин мақсад Ҳукумат барои ҳарчи бештар истифода бурдани захираҳои табиӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Мутаассифона, ҳоло чунин захираву имкониятҳо хеле ночиз истифода мешаванд, аз ин ҷост, ки давлат энергетикаи обиро асоситарин самти афзалиятнок меҳисобад, то ба истиқлолияти энергетикӣ бирасад.

Бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолиро Ҳукумат аз мубрамтарин тадбирҳои фаъолияти хеш қарор додааст. Зеро дар сурати амалӣ гардидани ин нақша қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа, ки ҷавонон мебошанд, соҳиби машғулият хоҳанд шуд ва ин асоситарин омили эмин доштани ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна гурӯҳу ҷамъиятҳо ва ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ аст.

Президенти кишвар ба масъалаи бо кор таъмин намудани ҷавонони забондону коршинос таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, мехоҳанд онҳо меҳнатдӯсту заҳматписанд, ватандӯсту худогоҳ ва босаводу донишманд ба воя расанд.

Сарвари кишвар бар онанд, ки дар шароити кунунӣ мамлакат бидуни рушди зироатпарварӣ фаъолияташро солим пеш бурда наметавонад. Дар ин ҷода барномаи рушди боғу токпарварӣ, ки барои солҳои 2016-2020 қабул шудааст, барои дар 5 соли охир бунёд кардани 20 ҳазор гектар боғу токзор мусоидат менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияташ ба ободонии роҳ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва ин аллакай дар саросари мамлакат назаррас аст. Аз Паём маълум гардид, ки солҳои минбаъда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт ва далелҳои мушаххаси Президенти кишвар ва масъулини соҳаро вазифадор кардани эшон шахсро ба чунин хулоса мерасонад, ки ободии роҳ ободии кишвар аст.

Фаъолияти бонкҳоро баррасӣ намуда, Сарвари давлат вазифадор намуданд, ки “Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сармоя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.”

Сохтори истеҳсолии имрӯза бе соҳибкории хурду миёна тасаввурнопазир аст. Аз ин ҷост, ки ба ин соҳа аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 120 миллион сомонӣ ҷудо карда шудани маблағ ба рушди минбаъдаи он мусоидат мекунад. Дар навбати худ тараққӣ ёфтани соҳибкорӣ барои беҳтар гардидани муносибатҳои меҳнатӣ, машғулияти аҳолӣ, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ барои аз кишвари воридотӣ ба мамлакати содиротӣ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаи беҳтар фароҳам меорад. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳо коргарону коршиносони соҳибмаълумот ва соҳибихтисоси замонавӣ лозиманд.

Бо мақсади ҳарчи бештару зудтар омӯзонидани нозукию навгониҳои касбӣ, техникаю технологияи нав, талаботи иқтисодии муосир, баробари муассисаҳои таълимии мавҷуда дар назди вазорату корхонаҳои калону бузурги маҷмаавӣ таъсис намудан ва зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ва бозомӯзӣ мувофиқи мақсад мебуд. Дар тамоми давру замон дар рушду нумӯи мамлакат соҳаи маорифу илм мақоми ҳалкунанда доранд. Кишваре ангуштнамои дигарон мегардад, ки илму маорифаш дар ишкишоф аст ва ба ин масъала бештару аввалтар аз ҳама диққати ҷиддӣ додани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд хамеша ва аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа дастгирӣ ёбад, зеро дастоварди илмӣ хусусияти инфиродӣ надорад, он зуд умумӣ мегардад. Аз Паём бармеояд, ки Президенти кишвар чун ҳамеша ба олимону омӯзгорон, эҷодкорон ва аҳли зиё бо эътимоди зиёд такя доранд, ки ин гарави рушди миллат буда метавонад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз бурду бохти он дар канор бошад. Баръакс Президенти кишварамон дар баррасии ағлаби масоили ҷаҳонӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм пешдастӣ доранд. Вақте ки Сардори давлат 15 сол пеш вобаста ба авзои Афғонистон аз доман паҳн кардани терроризм бонги хатар зада буданд, аксар сиёсатмадорон масъаларо нодида гирифта, ба моҳияти он аҳамият надоданд ва имрӯз аз ҷаҳонгир шудани он дар изтиробанд. Вале ҳанӯз ҳам бархе аз сарони давлатҳо ба ҷои пешгирӣ ва мубориза бо он ҷонибдориашро авло меҳисобанд. Ҳол он ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари ҷаҳонсӯзи онро эҳсос намуда афзуданд, ки “имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Дар шароити Тоҷикистон аввалан воқеию доимӣ, огоҳонаю дурбинона, мақсадноку фарогир ба роҳ мондани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа ва тамоми воситаҳо натиҷаи дилхоҳ бояд диҳад. Бигзор ба ин кор зери назорати давлат кормандони масҷиду мадрасаҳо низ вазифаи шаҳрвандиашонро адо намуда, дар назди ҷомеа масъулият ҳис кунанд. Ҳарчанд ки дин аз давлат ҷудост, вале дар ҷомеа зиста, аз он берун будан ҳам мумкин нест. Чаро моҳи рамазон 30 рӯз тамоми расонаҳо чун минбари онҳо хизмат мекунаду дар ин гуна масъалаи ҳассос эшон дар канор бошанд, онон низ барои амнияти халқу давлати хеш хизмат намоянд. Ин ҳама омили ҳамзистӣ, дӯстию рафоқат, тавҳиду ягонагӣ дар дохилу хориҷи кишвар буда метавонад, зеро чунин дӯстию дӯстпарварӣ табиати тоҷикону тоҷикистониён аст. Дуюм василаи пешгирии бегонагароӣ, албатта, беҳдошти иҷтимоиёти мардум ва мамлакат мебошад, ки бо ғамхории Пешвои миллат аз хоҷагии футуррафта ба давлати аграрию саноатӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон собити ин далел аст.

Тамоми фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати он, мардуми шарафёри кишвар ба баланд бардоштани иҷтимоиёт, маърифат, рушди саноат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, таҳкими неруи инсонӣ, таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ равона шудааст ва амалӣ гардидани чунин иқдоми неку созанда туҳфаи сазоворест ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз.
Т. Шокиров, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, академики Академияи табиатшиносии Русия, М. Ғозиева, дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик. М. С. Осимӣ, номзади илми таърих, Н. Иброҳимова, муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 19-и ш. Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: