Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз пирӣ чаро тарсем?

Аз пирӣ чаро тарсем?

18-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 476 нафар
Назарҳо: 0
Аз пирӣ чаро тарсем?Дар ойина мӯйи сафеди сар, ожангҳои рӯйи худро дида, албатта гоҳе ба ҳасрат мегӯем: - Эҳ афсӯс, ки пир шудем. Аммо бехабар аз ин ки дар ин синну сол ҳам мешавад бардошти хубе аз рӯзгор кард.

Блогнависи машҳури амрикоӣ Мишел Комбс дар як гузориши таҳлилӣ навиштааст, ки дар бисёр ҳолат қолибҳои муқаррарии фаҳмиши зиндагӣ моро аз он подошу имтиёзҳое, ки умр вобаста ба синну соламон медиҳад, маҳрум месозад. Албатта ӯ аз нигоҳи як зан дар бораи синну сол изҳори назар кардааст, аммо андешаҳояш бо баъзе истисноҳо барои марду зан баробар дахл дорад. Агар дуруст бингарем, ӯ гапи ҳақро мегӯяд.

Ӯ зимни тавзеҳи андешаҳояш афзудааст, ки “25 сол пеш маҷаллаҳои рангаро мехондам, ба диққат бахши мӯд ва зебоиро меомӯхтам, маслиҳату машваратҳо дар бораи чӣ тавр ҷавон будану ҷавон монданро аз ёд мекардам. Дар натиҷа омӯзиш чандин роҳи дар ҷойгаҳ қонеъ кардани дилдодаи худро медонистам.

Ҳоло ҳам аз рӯи одат мақолаҳоеро, ки дар мавзӯи «Чӣ тавр ҷавон бимонем» ё «Чӣ кор кунем, ки пир нашавем» ва ба ин монанд навиштаҳои ба назар безарар ва ҳамзамон бефоидаро нигоҳ мекунам.

Ба ин далел ба унвони нафаре, ки ин марҳаларо аз сар гузарондааст, ба онҳое, ки синну солашон 25-30 ё каме аз ин зиёдтар аст маслиҳат медиҳам: “Вақти худро сарфи чунин корҳои беҳуда накунед.Бидонед, ки хоҳему нахоҳем, зиндагӣ ба зоҳиру ботинамон таъсири худро мегузорад ва ин таҳаввулро дуруст бояд қабул кунем.”

Пиронсолӣ ҳам зебост
Пирӣ нишонаи баракати умр аст, аммо фақат ин нест, балки пиронсолӣ худ ба худ зебост.

Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки ман нисфи ҳаёти худро дар мубориза бо пиршавӣ гузаронда, вале ҳеҷ суде нагирифтам, баръакс пиронсолӣ пирӯз шуд. Чаро сари вақт мағлубияти худро нахостам эътироф кунам? Зиндагии оддӣ дошта бошаму вақти худро ба машғулиятҳои беҳуда сарф накунам? Намедонам.

Гоҳе хиҷолат мекашам, ки ин пораи умри худро дар нақши каси дигаре гузарондаам.Тамоми ҳаёти ман пушти ниқоби каси дигаре буд: ба зоҳир хушхулқу бештар чолок, дар муносибатҳои ҷинсӣ зиёдтар озод, дар рафтор бо тақлид ба ҷавонон мезистам. Дар фикри пайдо кардану пӯшидани навтарин мӯд будам. Ҳазорҳо соату садҳо рӯзро барои атру упо ва ранг кардани мӯйҳоям гузарондам.

Ва ниҳоят рӯзе расид, ки мағзам равшан шуд ва ба худ гуфтам: Бас!

Соле пеш ранг кардани мӯйҳоямро қатъ кардам. Аз ғизои парҳезӣ даст кашидам.

Дигар ҳар чизе ки хушам ояд, мехӯрам. Дар як муддати кӯтоҳ 10 килограмм вазнам зиёд шуд. Ин чиз бароям дигар ташвишовар нест. Ҳис мекунам, ки баданам роҳат аст, ҳар хӯроки бомазае,ки бихоҳад акнун дар ихтиёр дорад, ҳеҷ маҳдудияте барояш нест. Дигар бо фитнес клуб ҳам қарордод надорам ва вақти бештаре бароям пайдо шуд.

Ҳоло медонам, ки аз ҳама намудҳои варзиш барои ман давидану пиёда рафтан гуворотару фоида ноктар аст.

Пули зиёд барои ороиши рӯзмарраи рӯю мӯй, харидани қалами абрӯ ва ранг харҷ намекунам.

Ҳоло ман 52 сола ҳастам, вале худро 40 сола эҳсос мекунам, бе ягон рангу бор, парҳезу машғулият дар фитнесклуб. Не ман аз ақл бегона нашудаам, ожангҳои рӯйу гардани худро мебинам, зерманаҳи овезон ва доғҳои сиёҳе, ки хоси ҳар нафари солхӯрда аст, дар рӯйи худ мебинам. Аммо ин чиз бароям дигар аҳамият надорад.

Ҳоло ман дар бораи ҳолати ҷонию равонии худ мегӯям, ки 50 сола ба назар мерасам, вале аз нигоҳи рӯҳию равонӣ ҳис мекунам, ки 40 сола ҳастам. Тамом. Нуқта.

Албатта, дар бораи ман баринҳо мегӯянд: - Ба пирӣ тан додаст.

Аммо намедонам, ки чаро эътирофи пиронсолӣ ба назари баъзеҳо бад бошад. Дуруст аст, ки ман дигар мубориз нестам, роҳи осони зиндагӣ, бемуқовимат зистан, созгор будан ба раванди рӯзгорро интихоб кардаам. Дар ин роҳ кас бештар худро хушбахту осуда мебинад. Ман дигар нафаре нестам, ки бо ин ҷараён худро муқобил мегузорад.

Барои бисёриҳо ман шояд як пири фарсуда метобам. Дар ҳоле, ки рӯҳан худро як фарди 40 сола эҳсос мекунам.

Хомӯшӣ тилло нест
Агар ҳарфе барои гуфтан дошта бошам, беибо мегӯям, наметарсам, ки дигарон аз суханонам чӣ бардоште мекунанд. Бархеҳо эҳтимолан нодуруст мефаҳманд, ё барояшон бо таҳриф шарҳ медиҳанд, ё гоҳе албатта дар ҳадди фаҳму дарки хеш қабул мекунанд. Ин мушкили онҳост. Барои ман муҳим ин аст, ки сухани худро мегӯям. Агар нафаре бад гӯяд, таҳқир кунад, сукут намекунам ва тавре ки лозим бошад, посухашро медиҳам. Бар ин ақидаам, ки ҳеҷ рафторе накардаам, ки лоиқи чунин таҳқир бошам.

Просто в мире есть хамы. И надо ставить их на место.

Сару либос муносиби синну сол бошад
Чӣ гунагии сару либос ҳам дигар чандон аҳамият надорад, аммо кӯшиш мекунам, ки ба синну солам муносиб либос пӯшам. Ҳоло ҳам гоҳе чун солҳои ҷавонӣ ҷинс мепӯшам. Акнун либосе ба тан дорам, ки се сол пеш бо чунин сару лок, ҳатто аз хона берун намерафтам. Футболкаи уту накарда мепӯшам. Дигар муҳим ин аст, ки пӯшок тоза ва пойафзолам пок бошад.

Пойафзол бояд андозаи пой ва муносиб интихоб шавад, пойро назанад, нарм ва ҷавобгӯи мавсим бошад. Роҳати пой муҳимтар аз он аст, ки дигарон дар бораи чӣ пӯшиданам мегӯянд. Фақат бояд кӯшиш кард, ки қомати хамида надошта бошед.

Лашулуши нодаркорро барои рӯзи мабодо нагузоред
Ман аз захираи забони худ таъбири «Сад рӯз дар бор, як рӯз даркор» (рӯзе ба кор меояд)-ро берун андохтам. Ҳар чизе, ки имрӯз бароям лозим набошад, фардо барои чӣ даркор шуданаш мумкин аст? Ҷои ҳар чизи нодаркор дур аз пеши чашм, дар анбор, беҳтараш дар партовгоҳ бояд бошад.

Некбин бояд буд
Шуморо намедонам, вале ман аз сар то пойи баъзеҳо ҳатто як зарра чизи хубро намебинам. Дар чунин афрод бо заррабин ҷустани некӣ шарт нест. Беҳтар аст, ки ин гуна ашхосро ба ҳоли худ гузорему пушти кори худ шавем.

Барои аз чунин ашхос хубӣ ҷустану умедворӣ кашидан ман дигар хеле пир шудаам. Оре, дуруст дарк мекунам, ки «бо бадон бад бошу бо некон накӯ». Танҳо хоҳишам ин аст, пас аз он, ки мемирам, дигарон дар ҳақам бигӯянд: - Шахсе буд, ки дар пиронсолӣ ҳам дили ҷавон дошт…

Ҳатто ба ин ҳам розиам, ки бигӯянд: - Одами хубе набуд, вале гапи ҳақро мегуфт…
Таҳияи Ю.Солеҳ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: