Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Ҷиҳати баланд шудани суръати интернети мобилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»

«Ҷиҳати баланд шудани суръати интернети мобилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»

14-07-2020, 12:04
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
«Ҷиҳати баланд шудани суръати интернети мобилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»
Ба ҳолати 30 июни соли равон азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ анҷом додааст. Айни ҳол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд 2 миллиону 957 ҳазору 293 ададро ташкил медиҳанд. Барои бақайдгирии саривақтии симкортҳо бемории сироятии коронавирус монеа эҷод намуд. Азнавбақайдгирии симкортҳои муштариён то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шудааст. Дар шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 025 ҳазору 830 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 5 миллиону 325 ҳазору 978 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.
Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баён дошт.
Илҳомҷон Атоев дар посух ба саволҳои зиёди хабарнигорон оид ба суръати интернет дар ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «имсол суръати интернет то 2,8 Гб секунд баланд карда шуд. Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд. Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.
Дар нишаст зикр гардид, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад. Айни ҳол 50 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: