Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ СИМКОРТФУРЎШИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ СИМКОРТФУРЎШИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

17-07-2019, 10:02
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ҷазо барои додани симкорт ба шахси дигар ё ғайриқонунӣ машғул шудан ба симкортфурўширо шарҳ дода, гуфт: “Додани симкорте, ки ба номи як шахс сабт шудааст, барои истифода ба шахси дигар қатъиян манъ мебошад”.
Ин масъули Хадамоти алоқа аз ҷумла иброз намуд, ки агар симкортфурўш баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба симкортфурўшии ғайриқонунӣ даст занад, алайҳи ў парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд ва нисбаташ ҳукми зиндон, ё ҷарима ба андозаи аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мегардад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар кишвар ба 55 сомонӣ баробар буда, ҷарима барои симкортфурўшии ғайриқонунӣ аз 33 ҳазор то 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Номбурда инчунин афзуд, ки агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода шавад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 соли зиндон ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад. Ҳаҷми ҷаримаи соҳиби симкорт дар ин ҳолатҳо аз 44 то 82,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Зикр шуд, ки тағйироти дахлдор аллакай ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ ворид гардидаанду дар нашрияи расмӣ низ чоп шудаанд ва феълан мавриди амал қарор доранд.
Илҳомҷон Атоев ҳамзамон изҳор дошт, ки дар асоси қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон – «корти ID» гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкортро бо шиносномаҳои нав – корти ID анҷом диҳад.
Ба иттилои масъулини Хадамоти алоқа то имрўз дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 4 миллиону 858 ҳазору 887 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Тавре зикр шуд то 11 июли соли равон дар саросари ҷумуҳурӣ 1 миллиону 880 ҳазору 385 нафар бо шиносномаи нав симкортҳои худро ба қайд гирифтаанд ва зиёда аз 4 миллиони дигар симкортҳои мобилии худро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол муовини раиси Хадамоти алоқа изҳор дошт, ки дар ҳоли сари вақт иҷро нагардидани қарор, масъалаи тамдиди муҳлати бақайдгирии симкортҳоро ба мақомоти дахлдор пешниҳод хоҳанд кард.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: