Хадамоти алоқа аз таъсири буҳрон эмин намондааст5-02-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
Масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, корхонаи онҳо низ аз таъсири манфии буҳрони молӣ дарканор намондааст.
Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 5-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта шумораи корбарони интернету истифодабарандагони фаъоли телефонҳои мобилӣ аз солҳои қаблӣ дида бештар коҳиш ёфтааст. Бино ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар, феълан шумораи умумии корбарони интернет бо шумули истифодабарандагони интернети мобилӣ дар кишвар 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли пеш 800 ҳазор нафар камтар аст. Вай ҳамзамон мегӯяд, шумораи корбарони фаъоли телефони мобилӣ бошад, аз 6,4 миллион нафар ба 5,2 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Муовини раиси Хадамоти алоқа бар ин назар аст, ки сабаби аслии кам шудани теъдоди корбарони интернет ва истифодабарандагони фаъоли алоқаи мобилӣ таъсири манфии буҳрони молӣ аст. ©И.ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.