Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

14-07-2020, 11:49
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Ҳолатҳои  ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон   коҳиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2020 шумораи сабти ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.
Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода иброз намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, дар шаш моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти ақди никоҳ 3 310 (2019 – 33265) ва сабти бекоркунии ақди никоҳ 579 (2019 – 6 065) ҳолат кам шудааст.
Саодатбибӣ Сироҷзода зикр кард, ки «дар доираи COVID-19 дар кишварҳои хориҷ баръакс ҷудошавии оилаҳо ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфтанд. Ба андешаи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, дар чунин вазъият ҳатто оилаҳои намунавӣ он ихтилофоте, ки дар дохили чор девор ба вуҷуд меоянд, истода натавонистанд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат ташвишовар набуд».
Албатта, кам шудани сабти ақди никоҳ ба як муддат манъ гардидани тӯйҳои хонадоршавӣ рабт дорад. Вале сабаби кам шудани шумораи ҷудошавии оилаҳоро сардори Раёсати САҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода ба баланд гардидани маърифати оилавии ҷавонон вобаста донист.
Якдигарнофаҳмӣ, бефарзандӣ, муҳоҷират, беморӣ, ба маҳкама кашидани яке аз ҳамсарон, вазъи иқтисодии оила, ногоҳии ҷавонон аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо боқӣ мемонад.
Аз рӯи маълумот, ҷудошавии оилаҳо аз ҳама бештар дар вилояти Суғд – 1922 ба назар мерасад. Ҷудошавии оилаҳо дар ин давра дар вилояти Хатлон – 1230, ВМКБ – 80, Душанбе — 931, НТҶ – 1323-ро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ сабти вафот – 18 777 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2019 – 16 929) 1848 нафар зиёд аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: