Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

25-06-2020, 14:11
Хабарро хонданд: 117 нафар
Назарҳо: 0
  ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Инак 23 сол мешавад, ки мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик дар зери ливои сулҳу ваҳдат дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузоранду шукронаи даврони соҳибистиқлолиро мекунанд.
Ҳануз 23 сол муқаддам 27-июни соли 1997 бо кӯшишу талошҳои савари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва гурӯҳи мухолифини тоҷик Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин рӯзи барои ҳар яки мо тоҷикистониён азизу муқаддасро ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Воқеан, ин санаи сарнавиштсоз дар ҳаёти ҳар шаҳрванди мамлакат бо овардани пайғому сулҳу дӯстӣ, саодату садоқат ба Ватан фаромушнопазир мебошад. Бо шарофати Ваҳдати саросарии миллат ва истиқлолияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба таърихи қадимаи миллатамон бештар шинос шавем. Сулҳу Ваҳдати саросарии кишварамон моро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт муттаҳид месозад. Мардум аз он меболанд, ки рӯҳияи ҷовидона муҳаббат ва ҳамдигар ба ҳамватан дунёи маънавии моро тазқир кардааст. Бахшиши гуноҳоро на ҳар як шахси дорои эҳсоси баланд метавонад ба ҷо овард, бахусус куштору хунрезиро. Маҳз ҷавонмардию иродаи бешикастаи Пешвои миллат буд, ки дар он солҳои хело ҳам мудҳиш чандин маротиба ба ҷониби мухолифини тоҷик, ки берун аз ватан қарор доштанду ҳар лаҳза ҷазъи сиёсии Тоҷикистони моро халалдор месохтанд, раҳсипор мешуд. Сарвари давлат маҳз ба хотири пойдории миллат ва зиндамондани мардуми азияткашидаи тоҷик дасти мухолифинро фишурда ваъда дод, ки сулҳро ба Ватан баргардонида, тоҷикистониёни парешонгаштаро ба Ватани аҷдодияшон бармегардонад. Ва ба ваъдаашон аҳд карда, охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан баргардонд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нав рӯ ба бунёдкориҳо оварда, харобазори замони бесарусосониҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз нав таъмиру тармин гашта, Тоҷикистони сросар гулистони мо чун дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё ободу зебо гашта истодааст. Мо сокинони ноҳияи Рушон низ чун дигар сокинони мамлакат бо шукригузорӣ аз замони соҳибихтиёрии кишвар созандагию бунёдкориро аз хонадони хеш оғоз намуда, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри пешрафту ободонӣ шабонарӯзӣ заҳмат карда истодаанд.
Аз ҳама бештар меваи шаҳдбори Ваҳдатро мо мардуми Бадахшон чашидаем. Ва заҳматҳои шабзиндадориҳои Пешвои миллатро ҳаргиз фаромуш намекунем. Ҷашни Ваҳдати миллиро ба хонадони кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон муборакбод гуфта, сулҳу суботи ҳамешагӣ ва Ваҳдати ҷовидониро ба хонадонашон таманно мекунам.
Холиса Саидхонова
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Рӯшон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: