Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат-беҳтарин туҳфаи истиқлолият

Пешвои миллат-беҳтарин туҳфаи истиқлолият

30-08-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 410 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат-беҳтарин туҳфаи истиқлолият

Дар тӯли таърихи дароз халқи шарафманди тоҷик орзӯи фазои пур аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолию давлатдории миллиро мекард. Хушбахтона, имрӯз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи дерини миллати шарафманди тоҷик ҷомаи амал пӯшид ва ин миллати дорои таъриху тамаддуни бойро машҳури олам гардонид. Мардуми тоҷик ин суханҳои раҳнамои миллат, сарвари оқилу донои худро, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои ҳаёти миллат 12 декабри соли 1992 гуфта шуда буданд, хуб дар хотир дорад: «… Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим ояд ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».

Хомӯш намудани оташи ҷанг, ба зиндагӣ дилгарм кардани мардум, баргардонидани гурезаҳо, боварии мардумро ба даст овардан, сохтори фалаҷшудаи давлатдориро устувор намудан, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварро тадриҷан ба низоми ягона овардан аз иқдомҳои заҳматталабу душворе буд, ки бо шарофати хираду маърифат, таҳаммулу асолати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат имконпазир гардид.

Дар ҳақиқат ин фарзанди фарзонаи миллат, родмарди хирадманд, сиёсатмадори матин тавонист, ки дар кӯтоҳтарин муддат халқу миллатро бо сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таъмин созад. Тантанаи сулҳу осоиштагӣ, ба даст омадани ваҳдати миллӣ таъмини соҳибистиқлолӣ ва ташкили давлатдории навини тоҷикон, ки аз ҷониби бештар аз 160 кишвари олам пазируфта шудааст, маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат пазируфта шудани сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми саривақтӣ буда, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шарафу ифтихори бузург аст. Зеро маҳз ба шарофати азму талош ва сиёсати дурандешона, иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи азияткашидаи тоҷик сулҳи пойдор, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили давлатиро ба даст овард. Сулҳу осоиштагӣ, рӯзгори тинҷу обод, пешравии давлату давлатдорӣ, сарзамини гулгулшукуфон бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, ҳар фарди соҳибақлу равшанзамирро водор месозад, ки паи ҳифзу нигоҳдории он саъю талош намояд. Зеро маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамонро рушд дода, сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳими асрро, аз қабили бунёди нерӯгоҳҳои бузург ва роҳу иншоотҳои азим ба роҳ мондем ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи миллати тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари хирадмандамонро боло бардоштаем.

Дар замони мутамаддин мафҳуми сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ хеле қиммату ноёб гардида истодааст. Имрӯз аксарияти мардуми курраи Замин аз нарасидани ин неъматҳои нодир дар гирдоби моҷарову низоъҳои бемаъниву даҳшатбор қарор доранд. Чӣ қадар қуввату неру, заҳмату талош баҳри пойдории сулҳу субот дар Сурия, Яман, Шому Ироқ, Афғонистону Украина ва як қатор кишварҳои дунё масраф шуда истодааст. Ҳазорон нафар барои ҳифзи ватани аҷдодии хеш ва фарзандонашон аз гуруснагиву сардӣ ҷон супурда истодаанд. Ин ҳолати фоҷиаангези инсоният дар асри XXI боиси таассуф ва нигаронӣ гардида, моро водор месозад, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро, ки яке аз сифатҳои муҳимтарини ватандорӣ маҳсуб мешаванд, аз даст надиҳем. Сарвари кишварамон дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид намуданд, ки «…даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ҷанги хонумонсӯз муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳу ваҳдат, оромию нишот ҳукмфармо бошад».
Дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир, бесарусомонӣ ва даргириҳои рӯзмарраи кишварҳои абарқудрати дунё эътирофи расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, ки дар ҳақиқат барои бунёди давлати конститусионӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, устувории истиқлолияти давлатӣ раҳнамо ва ҳомии ҳақиқии миллати тоҷик аст, барои мо тоҷикон туҳфаи Яздонист. Чунин шахсияти таърихӣ, ки дар арсаи сиёсат соҳиби обрӯю манзалат гардидааст ва ба хиради азалию матонати хеш такя мекунад, метавонад миллатро пешвоӣ намуда, ба роҳи дурусту равшан ҳидоят созад. Ғояҳои солиму инсонпарварона, афкори пешқадам, созандагиву бунёдкорӣ, ақлу хиради азалӣ, тиннати поку қалби пур аз меҳр ба миллату сарзамин, ба таъриху тамаддун ва ба ояндаи дурахшон самтҳои муҳимтарини барномаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист. Ана ҳамин хислатҳои арзандаи Пешвои миллат ҳар яки мо ва наслҳои ояндаро дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ қувваю нерӯ мебахшад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки дар радифи он орзуву армон, наҷоти миллат, таҳкими давлат, рушди сарзамин, нумӯи даврон аз беҳтарин неъматҳо шуморида мешавад, ба осонӣ ба даст наомадааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, якпорчагӣ мо метавонем истиқлолияти давлатиамонро пойдору устувор намоем. Барои пойдору мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллӣ Президенти мамлакат корҳои бузургу ҷаҳониеро анҷом дод, ки иҷрои он ҷасорат, дасту дилу нияти пок ва ҷонфидоии хосаро талаб мекард. Шукри Худо, ки Сарвари маҳбуби мо дорои тамоми сифатҳои хуби ҷавонмардию фарзонагист ва дасти дуо мебардорему аз даргоҳи Ҳақ Таъоло тани сиҳату умри дароз, саодатмандию соҳибиқболиро ба Пешвои хирадмандамон таманно менамоем.

Рухшона Давлатшоева
директори Литсейи касбии махсуси
шаҳри Душанбе







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: