Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

30-06-2020, 09:22
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирию ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дода мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: