Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

27-07-2017, 08:37
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 27.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шудааст.

Истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: