Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

16-08-2017, 09:13
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
16.08.2017 06:04, шаҳри Қурғонтеппа
Субҳи рӯзи 16-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарият, фаъолон ва сокинони шарафманду меҳнатдӯсти вилоят бо самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим аз ҷумла, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, бинохои нави муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, ба сохтмони иншооти нав оғози расмӣ мебахшанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: