Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон 75%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд

Дар Тоҷикистон 75%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд

26-06-2020, 10:33
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон 75%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтандШабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00-и 25 июн ба 5691 нафар расид, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон то имрӯз дар мамлакат 4269 (75%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
«То имрӯз 292 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 75 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд дар маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: