Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия

24-06-2020, 10:47
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ - мудофиавӣ муарифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуданд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: